Ин муҳлати реҷаи бидуни раводид (виза) байни Туркия ва Тоҷикистон аз соли 2014 амал мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Сарраёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон маълумоти нодуруст мавҷуд аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрвандӣ метавонанд дар Туркия то 30 рӯз иқомат кунанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ин иштибоҳро ислоҳ мекунанд.
Қаблан хабаргузории Yeni safak-и Туркия бо истинод ба вазири саноат ва технологияҳои ин кишваря Мустафо Варанк хабар дода буд, ки Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад. Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала корбарони “Азия-Плюс” бо саволҳо муроҷиат намуданд.
Зикр гардида буд, ки айни замон бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар он ҷо танҳо 30 рӯз ҳузур доштан мумкин аст.
Айни замон Тоҷикистон танҳо бо панҷ давлат - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ реҷаи бемуҳлати раводид дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.