Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.
Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар баробари ин изҳори эътирози онҳо нисбати падидаҳои манфи дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро унвон карда, таъкид менамояд, ки дави миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.
Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба марра мерасанд. Аз иштироки то 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.
Дарёфти маълумот дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳои пойтахт дар робита ба ин чорабинӣ муяссар нашуд.
Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста