Пас аз эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия нархи билетҳои ҳавопаймо ба кишварҳои ба истилоҳ “бехатар”, аз ҷумла Тоҷикистон бамаротиб боло рафт.
Аз ҷумла рӯзи 22 сентябр дар онлайн-сервиси aviasales.tj билет ба яке аз хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” бо масири Маскав-Душанбе 101 ҳазору 755 рубл (зиёда аз 17 ҳазор сомонӣ) нарх дошт.
Билети арзонтарин аз Маскав ба Душанбе рӯзи 22 сентябр дар хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ва «NordStar» дар ин сервис 39 ҳазору 722 рубл зикр шуда буд.
Дар ҳамин сервис нархи билети ширкати ҳавопаймоии Somon Air 24 ҳазору 545 рублро ташкил медиҳад.
Дар ширкати “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки нархи билети онҳо ба хатсайрҳои самти Русия тағйир наёфтааст.
“Нархи мо ба хатсайрҳо аз шаҳрҳои Русия тағйир наёфтаанд. Шояд нархҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тағйир ёфта бошанд. Сабабаш ба мо номаълум аст”, - гуфтанд дар Somon Air.
Нархҳо ба хатсайрҳо натанҳо аз Маскав ба Душанбе, балки аз дигар шарҳои Русия низ тағйир ёфтаанд.
Ба гуфтаи яке аз корбарони мо, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, агар ду рӯз пеш билет аз Екатеринбург ба Душанбе 10-11 ҳазор рубл нарх дошт, пас имрӯз онро бо 46 ҳазор рубл ёфтан мумкин аст.
Нархи билетҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Душанбе дар рӯзҳои гуногун ин моҳ тариқи зайланд:
Аз Санкт-Петербург ба Душанбе.
Аз Екатеринбург ба Душанбе.
Аз Волгоград ба Душанбе.
Нархи билетҳо ба кишварҳои ИДМ дарҳол баъди чанд соати эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ тағйир ёфтанд.
Дар давоми як шабонарӯз ҳамаи билетҳо ба Дубай, Ереван, Остона ва Истанбул барои рӯзҳои наздик харида шуда, талаботи зиёд ба 10-15 баробар болоравии нарх ба ин самтҳо боис гардид.
“Пас аз эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ нархи билетҳои ҳавопаймо ба самтҳои ҷудогонаи серталаби байнулмилалӣ 10-15 баробар боло рафтанд”, - менависад “Коммерсант” бо истинод ба таҳқиқоти худ.
Шаби 21 сентябр нархи билетҳои ширкати ҳавопаймоии Red Wings аз Маскав ба Ереван аз 16 ҳазор рубл сар мешуданд. Замони нашри хабар ин нишондиҳанда аллакай 154,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
“Зимистони кутоҳ”-и Сурия: дарсҳо, таҳдидҳо ва фурсатҳо
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2024
Рустами Эмомалӣ барои чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста