Айбдоркунандаи давлатӣ барои Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик 7,5 соли зиндон талаб кардааст. Худи Завқибек Саидаминӣ зимни сухани охиринаш дар суд аз талаби прокурор норозигӣ карда, худро пурра бегуноҳ хондааст.
Мурофиаи ӯ имрӯз, 3-юми ноябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва бори аввал наздиконаш- модар, ҳамсар ва бародараш имкон пайдо карданд, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳи ширкат намоянд.
Дар гузашта, оид ба баргузории чанд мурофиаи Завқибек Саидаминӣ хабарҳо зидду нақиз буданд ва гуфта мешуд, ки онҳо баргузор нашуданд.
Завқибек Саидаминӣ дар баромадаш гуфтааст, ки дар мурофиаҳои пешин судя ва адвокат ваҷҳҳои ба миёнгузоштаи ӯро ба назар нагирифтанд ва нисбати айбҳое, ки прокурор эълон кард, розӣ нест.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.
Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.
“Бовар дорам барномаҳоям натиҷа додаанд. Бо шарофати барномаҳоям шояд чандин ҷавон, ки нияти ширкат ё аз беогоҳӣ мехостанд ба Сурияву Ироқ раванд, аз роҳ баргаштанд. Ман ҳамеша кӯшидам, ки ба халқу ватанам хизмат кунам. Ҳеҷ гоҳ ифротӣ набудам ва нестам”, - гуфтааст Завқибек Саидаминӣ.
Ӯ ҳамчунин аз барномаҳое, ки дар робита ба муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон омода ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст ёдовар шуда гуфтааст, ки мекӯшид аз манфиатҳои Тоҷикистон дифоъ кунад.
Вай афзудааст, ки ин барномаҳояш тавассути ҳамкасбонаш бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва пахш шуд, ки бори дигар ҳимоя ва хизмиати ӯро ба ватан далолат медиҳад.
Ӯ аз расонаҳо ва ҳамкасбоне, ки қазияи ӯро пайгирӣ ва бозтоб доданд, изҳори миннатдорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки баъди сухани охирини Завқибек Саидаминӣ суд ба хонаи машваратӣ рафтааст ва эҳтимол баъди зуҳри имрӯз, ҳукм хонда шавад.
Ваклии дифои Завқибек бо расонаҳо суҳбат намекунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.
Қаблан, модараш гуфта буд, ки бо гузашти беш аз се моҳ писарашро надидааст ва ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафт, гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба суд рафтааст. Ба
“Суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд,” – гуфта буд ӯ.
Парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) баррасӣ мекунад ва интизор меравад мурофиаи навбатӣ пагоҳ, 1-уми ноябр баргузор шавад.
Дар мурофиаи охирин, ки рӯзи 26-уми октябр СИЗО бидуни ширкати наздиконаш ва пушти дарҳои баста баргузор шуд, як сиёсатшиноси тоҷик даъват гардида буд. Маълум нест, ки дар мурофиа ин сиёсатшинос чӣ гуфт ва дар он кадом масъалаҳо баррасӣ шуд. Вале ба эҳтимоли зиёд навиштаҳои Завқибек Саидаминӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Пас аз анҷоми мурофиа вакили дифоъ ба наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтааст, саволу ҷавоб шуд ва баъзе суолҳоро аз зерҳимояаш пурсиданд.
Ҳоло ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Парванда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, аллакай ду мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Ӯ бо ирсоли як нома ба наздиконаш, ки дастраси Радиои Озодӣ шудааст, гуфта, ки зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.
Гунаҳкорони бегуноҳ? Рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик кистанд ва чаро боздошт шуданд?
Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ду рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бо гузашти тақрибан се моҳ яке ба 10 сол ва дигаре ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд.
Мурофиаи онҳо низ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста баргузор шуд ва наздикону пайвандон ва журналистон ба он роҳ наёфтанд.
Далери Имомалӣ худро қисман гунаҳкор ва Абдуллоҳ худро пурра бегуноҳ медонанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста