Президенти Русия ба лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ ворид намудани тағийрот пешниҳод намуд, ки мувофиқи он, агар шахс ба содир намудани амалҳое даст занад, ки ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд”, метавонад аз шаҳрвандии додашуда маҳрум карда шавад, хабар медиҳад РБК.

Мувофиқи ин санад, қарор метавонад “сарфи назар аз вақти содир шудан ё рӯзи ошкор шудани далели чунин амалҳо, ки ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд”,  қабул карда шавад.

Ғайр аз ин, тағйирот рӯйхати ҷиноятҳоеро, ки барои он шаҳрвандии додашударо гирифта метавонанд, зиёд мекунад:

284.1 (амалисозии фаъолияти созмони ғайриҳукуматии хориҷӣ ё байнулмилалӣ, ки нисбати он дар бораи номатлуб донистани фаъолияташ дар Русия қарор қабул шудааст);

207.3 (дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бурдурӯғ дар бораи истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия, доир ба иҷрои ваколатҳои худ аз ҷониби мақомоти давлатии Русия);

280.1 (даъватҳои оммавӣ ба анҷоми амалҳое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Русия равона шудаанд);

280.3 (амалҳои оммавие, ки ба бадномкунии истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони он, таъмини сулҳи байнулмилалӣ ва амният ё аз ҷониби мақомоти давлатии Русия иҷро кардани ваколатҳояшон бо ин мақсад равона шудаанд).

Ғайр аз ин, дар тағйироти аз ҷониби президент пешниҳодшуда барои таҳқири парчам ва нишони кишвар, гирифтан ва додани пора (моддаҳои 290 ва 291), ғоратгарӣ (161), азобу шиканҷа (117), роҳзанӣ (162), рабудани одам (126), тамаъҷӯӣ (163), авбошӣ (213), вандализм (214), ошӯби мусаллаҳона (279), суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ (277), даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ (280) маҳрум кардан аз шаҳрвнадии додашуда пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун кам шудани талабот ба зиёда аз 20 категорияи шахсон барои қабул ба шаҳрвандии Русия пешбинӣ гардида, васеъ шудани ваколатҳои президент оид ба муайян кардани категорияи шахсоне, ки ба гирифтани шиносномаи Русия бо тартиби соддашуда ҳуқуқ доранд, пешниҳод шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.