Дар Тоҷикистон бархе аз кормандони собиқи низоми бонкӣ, хидматрасонии алоқа ва соҳибкорону бархе хидматчиёни давлатии пешин аз 17 то 27 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд. Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ, имрӯз, 7-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба суоли ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳаҷми нафақа аз рӯи маоши баланд таъйин карда мешавад ва ҳоло дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки то 27 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.
“Барои гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши баланд гирад, ба ӯ нафақаи баланд дода мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 барои гирифтани нафақаи баланд ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Барои муайян кардани нафақаи шаҳрванд дар кишвар барномаи эллектроние роҳандозӣ шудааст, ки он бо назардошти кор ва музди меҳнат нафақаро таъйин мекунад”, - гуфт роҳбари Оҷонсии нафақа.
Роҳбари низоми нафақаи кишвар афзуд, бо ишора ба он ки маоши хизматчиёни давлатӣ низ сол аз сол боло меравад, ҳоло хизматчиёни давлатие ҳам ҳастанд, ки 17-18 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд.
Дилмурод Давлатзода бо такя ба сири нафақавӣ аз овардани номи чунин ашхос худдорӣ кард ва танҳо гуфт, онҳо намояндагони низоми бонкӣ, хидматрасонии алоқа, соҳибкорон ва бархе хидмачиёни давлатии собиқ мебошанд.
Номбурда афзуд, ки ба ҳолати 1-уми январ дар кишвар 763 ҳазору 333 нафақагир ҳастанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 516 ё 1,8 дарсад бештар аст.
Ба таъкиди вай, талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 257,7 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 млн сомонӣ ё 2,1 дарсад афзоиш ёфтааст.
То 27 ҳазор сомонӣ маош гирифтане бархе кормандони бахшҳои мухталиф дар ҳолест, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 323,72 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи меҳнатӣ 395,39 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавӣ 311,09 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ 213,37 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, қисме аз аҳолӣ аз меъёри пасти нафақа ва ҳамин тариқ, аз сари вақт нагирифтан он шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи роҳбари Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, айни замон дар кишвар аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, барои пардохти кумаки яквақта дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9-уми декабр соли 2022 №597 "Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ" ба 240 ҳазору 323 нафақагири гурӯҳи осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кудакони ятим ва аз сарабон маҳрумшуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 144, 2 млн сомонӣ дар ҳаҷми як ҳадди ақалли музди меҳнат – 600 сомонӣ маблағ пардохт гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо имзои як қарори Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 6 –уми феврал ба тасвиб расид, аз 1-уми июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Нафақаҳои суғуртавӣ ба андозаи 16 фоиз ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Ҷаримаи як сокини Душанбе барои парвариши асп
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ташнаи об болои дарахти чормағз”
Ба фурудгоҳи Хуҷанд боз имтиёз доданд. Воридоти чанд техникаву мошин аз пардохти андозу боҷ озод шуд
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста