Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” перомуни саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои давлатӣ эътироф кард, ки “дар телевизионҳои тоҷик саҳнаҳои ҳаҷвӣ нестанд ва дар ин самт камбудӣ эҳсос мешавад”.
Ӯ гуфт, ин кумита “борҳо бо ҳаҷвнигорон сари ин масъала сӯҳбат кардааст, вале ба мувофиқа нарасидааст”.
“Бо ҳаҷвнигорони гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо” дар ин маврид гуфтугӯ кардем. Барои 3-4 барномаи ҳавҷӣ дар 1 моҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ пешниҳод кардем. Онҳо розӣ нашуданд. Маблағҳои ҳангуфт аз мо талаб доранд, ки аз тавони Кумита боло аст”, - гуфт Нуриддин Саид.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио афзуд, “дар таҳияи баномаҳои ҳаҷвӣ барои телевизион бо Аловиддин Абдуллоев ба мувофиқа расида будем, вале ин ҳаҷвнигори хубамон аз олам даргузашт ва ҳамин тавр, саҳнаҳои ҳаҷвии телевизион холӣ монд”.
Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи телевизион ва радио ҳоло бо ҳаҷвнигорон ҳамкориро ба роҳ мондаааст ва дар телевизиони “Тоҷикистон” дар ин хусус озмун ҳам эълон гардидааст.
“Ҳоло бо гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” ва дигар ҳаҷвнигорон ҳамкориро ба роҳ мондаем ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар минбаъда ба телевизион бармегардед”, - таъкид кард Нуриддин Саид.
Бояд гуфт, чанд соли охир дар чорабиниҳои расмӣ ва телевилионҳои давлатӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба намоиш гузошта намешаванд. Тамошобинон ахиран аз барномаҳои Соли навӣ ҳам интиқод карда, гуфтанд, “дар шабу рӯзи соли нав дар телевизионҳои тоҷик ҳама саҳнаҳои кӯҳна намоиш дода шуд”.
Ҳаҷвнигорон нигаронӣ доранд, ки онҳоро даъват намекунанд, соҳибназарон мегӯянд, муҳтавои пасти саҳнаҳои ҳаҷвӣ сабаби аслии дур шудани ҳаҷв аз чорабиниҳои расмӣ ва телевизионҳои давлатӣ гардидааст. Баҳси мазкур чанде пештар дар матлаби алоҳидаи “Азия-Плюс” мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста