Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд
Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, имрӯз, 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Дар натиҷаи ду озмуне, ки моҳи март ва майи соли гузашта бо иштироки намояндагони ширкати “Про-форс” баргузор карда шуд муҳоҷирони меҳнатӣ дар Британияи Кабир ба кор таъмин гардиданд”, - гуфт Ҳасанзода.

Ӯ дар идома гуфт, ки муҳоҷироне, ки як маротиба ба ин кишвар рафта омаданд, то 6 моҳ ҳуқуқ надоранд дубора ба кор раванд. “Муҳоҷироне, ки рафта омаданд, аз маош ва шароити корӣ хеле қаноатманданд”- иброз дошт Вазири меҳнат ва муҳоҷират.
Ҳамчунин Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ гуфт, ки 58 нафар мутахассиси соҳаи кишоварзӣ моҳи августи соли 2022 ба Корея фиристода шуданд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.
Қаблан зикр гардида буд, ки арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст.
Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.
Ёдовар мешавем, ки Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон чанде пеш хабар дода буд, ки ахиран ҳодисаҳои пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар зиёд шудааст.
Дар саҳифаи худ дар Facebook сафорат шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ба ин гуна эълонҳои қалбакӣ бовар накунанд. Аз ҷумла, қалбакӣ будани даъватро метавон аз он фаҳмид, ки дар он дар бораи гирифтани раводид (виза) дар сафорат сухан меравад.
“Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе раводид умуман намедиҳад. Агар ба шумо гӯянд, ки шумо метавонед раводидро аз Сафорат гиред, он гоҳ ширкате, ки шумо бо он сарукор доред, ҳақиқӣ нест! Хоҳишмандон нахуст бояд ба Марказҳои машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact муроҷиат намоянд, ки дар он барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад”, - омада буд дар хабар.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста