Низоми интиқоли гармӣ дар Душанбе то 1-уми апрел фаъолият карда, ба эҳтимоли зиёд, пас аз он мавсими гармидиҳӣ ба хонаҳои сокинон қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март, Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрдории Душанбе то ба ҳол ягон қароре дар бораи санаи дақиқи қатъ шудани интиқоли гармидиҳӣ қабул нашудааст, вале “тибқи нақша интиқоли гармӣ аз 10-уми октябри соли 2022 шурӯъ шуда, то 1-уми апрели соли 2023 идома хоҳад кард”.
Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони пойтахт иддао карданд, ки шаби гузашта интиқоли гармӣ дар хонаҳояшон қатъ гардид.
Дар робита ба ин Сиҷоуддин Саломзода гуфт, ки “кӣ хомӯш кардааст ва бо кадом сабаб маълум нест, вале низоми гармидиҳӣ ҳоло фаъол хоҳад монд”.
Зимистони имсол низоми гармидиҳии шаҳри Душанбе бо сард омадани ҳаво бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Низоми гармидиҳии пойтахт аз 14-уми октябр ба кор шурӯъ намуда, дар моҳи декабр, бо аввалин сардиҳо дар кишвар кораш камранг гашт.
Сокинони пойтахт тайи ду моҳ - декабри соли 2022 ва январи соли равон аз вазъи низоми гармидиҳӣ нигаронӣ намуда, аз хонаҳои сардашон паёпай шикоят мекарданд. Он вақт масъулин қисман мушкилро эътироф карда, зимистони сард ва мушкили норасоии маводи сӯхтро баҳона пеш оварда буданд.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста