Кӯдакони бемор аз Исфара, ки қаблан ҳамроҳи волидонашон дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе табобат гирифта буданд, дубора бемориашон хуруҷ карда, ба пойтахт оварда шуданд. Онҳо дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ шудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аммаи кудакон, Фотима, ки ҳоло ҳамроҳи онҳо дар бемористон аст, хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки дар хонаводаи Маҳмудовҳо – Мустафохоҷаи 6-сола, Абдуллохони 10-сола ва волидони онҳо, ки қаблан барои табобат аз Исфара ба Душанбе оварда шуда буданд, ба ории коагулопатияи дуюмдараҷаи токсикӣ (Вторичная токсическая коагулопатия) гирифтор шуда буданд. Пас аз табобат рӯзи 7 июн онҳо аз бемористон рухсатӣ шуданд.
Аммо бо гузашти ҳудуди як моҳ, ба гуфтаи Фотима, саломатии писарбачаҳо бадтар шуд, ҳарчанд табобати кӯдакон ва волидони онҳо қатъ нашуда буд ва онҳо зери назорати табибон табобатро идома медоданд. Чун ин беморӣ ҳадди аққал ду сол табобатро талаб мекунад.
"Акнун ташхис ва табобат аз имрӯз дубора оғоз мешавад, зеро аз даҳону бинии кӯдакон боз хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад. Волидайни писарбачаҳо дар Исфара ҳастанд. Модарашон ба ҳолати қаблӣ баргаштааст, яъне боз касеро намешиносад ва аҳволи падарашон низ хуб нест", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки вазъи хонаводаи Маҳмудовҳо пас аз муроҷиати Фотима ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо дархости кумак маълум шуд.
Пас аз ин, бо фармони вазири тандурустии кишвар ду писарбачаро барои табобат ба Душанбе интиқол доданд. Ва рӯзи 19 май волидони кӯдакон низ ба пойтахт оварда шуданд.
Ҳодиса аз он сар шуд, ки моҳи март ҳашт нафар аъзои оила баъди хӯрдани самбусаи алафӣ бемор шуданд.
“Рӯзи 13-уми март самбуса хӯрда ва то 17-уми март ин беморӣ амалан тамоми аҳли оиларо аз пой афтонд, хоҳари калониамонро (хоҳари падари оила, ӯ 60-сола буд – идора) аз даст додем. Ва 7 нафари дигари аъзои оила, аз ҷумла писарбачаҳо, се моҳ боз беморанд, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бемории онҳоро дақиқ карда натавонистанд”, - гуфта буд қаблан холаи писарбачаҳо.
Ба гуфтаи ӯ, ин кӯдакон аз моҳи март ба ин сӯ беморанд: аз даҳон, бинӣ ва дигар узвҳояшон хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад.
Қаблан директори маркази «Шифобахш» Хизматулло Шамсзода ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки пас аз анҷоми ташхиси ахир дар хуни кӯдакон ва волидон ягон моддаи заҳролуд ошкор нашудааст.
Сабаби дақиқи заҳролудшавӣ муайян карда нашудааст. Ва акнун писарон боз аз ташхис гузашта, табобатро идома медиҳанд.