Як хонандаи мактаб дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар рӯзи аввали соли хониш худкушӣ кардааст. Сабаби худкушии хонандаи мактабро додситонӣ таҳқиқ мекунад.
Даврон Зикриллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, Ҷ.Ҳ. (ному насаб бо сабаби ахлоқӣ ошкор намешавад) дар рӯзи аввали соли хониш дар хонаи худ худро ба дор кашидааст.
“Ӯ дар синфи 9-и яке аз мактабҳои ноҳия таҳсил дошт ва пештар ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба яке аз гимназияҳо супорида буд. Мехост илмҳои дақиқро хубтар аз худ карда, ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шавад”, - гуфт манбаъ.
Сабаби худкушии ин хонандаи мактаб маълум нест. Дар мақомоти милитсияи вилояти Суғд ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки аз руйи салоҳият ҳодисаро мақомоти додситонӣ таҳқиқ дорад.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ин хонанда баъди аз ҳам ҷудо шудани волидонаш, бо модараш дар хонаи падарандар зиндагӣ доштааст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи худкушӣ дар Деваштич давоми соли ҷорӣ нест. Моҳи марти имсол низ як хонандаи мактаб дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ин ноҳия худкушӣ карда буд.
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати ҳарбии баҳориро имсол барвақттар имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 феврали соли 2025
Коргар ё корфармо. Аз шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар кӣ бештар манфиатдор аст?
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста