Бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки асри миёнаи Хутали қадим - шаҳри Андичароғро бозёфт кардаанд. Ба иттилои Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, дар он зиёда аз 100 бозёфти бостоншиносии мероси сиккашиносӣ (нумизматикӣ), кулолгарӣ, чубтарошӣ ва оҳангарӣ бозёфт гардидааст.
Манбаъ менависад, ҳамчунин дар ин минтақа маркази таълимӣ ё мадраса бо ҷузъҳои ороишӣ ба мисоли кандакорӣ низ пайдо гардидааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, майдони марказии ин шаҳрак 14 гектар буда, дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар пойгоҳи кӯҳи Варвалак ё Варвализи қадима, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст, ҷойгир шудааст.
“Дар ин минтақа осори зиёди хоҷагидорӣ, аз қабили сангҳои осиё – ҳам дастӣ ва ҳам обӣ, ки дар шакли бениҳоят суфта сохта шудаанд, бозёфт шудааст. Инчунин аз ин минтақа сиккаҳо низ пайдо шудааст, ки дар айни замон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор доранд”, - навиштааст Оҷонсӣ.

Ба қавли манбаъ, ҳамчунин дар мавзеъи Сариқалъа мадраса ё худ маркази таълимӣ низ бо ҷузъҳои ороишӣ ба мисоли кандакорӣ пайдо шудааст. Сарсутунҳое, ки аз ин мадраса пайдо шудаанд, бо санъати кандакорӣ ва чӯбтарошӣ оро ёфта, 6 метр баландӣ доштаанд, ки бостоншиносон баландии ин иншоотро аз рӯйи сарсутун 6 метр тахмин мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин сарсутун, аз ҷониби ҳунармандони Хутали қадим кандакорӣ шуда, дар он навиштаҷот низ ҳаккокӣ шудааст. Ба қавли Оҷонсӣ, навиштаҷоти ҳаккокишуда аз ҷониби таърихинигорон омӯхта мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Оҷонсии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар нишасти охири худ дар моҳи июл гуфта буд, дар марҳилаи азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар 10 ёдгории нав дарёфт ва сабт шудааст.
Бояд гуфт, моҳи июли имсол 11 ёдгории мероси фарҳангии “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардиданд.




Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста