Имсол низ бинобар набудани довталаби арзанда “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ба касе тақдим нашуд. Давоми панҷ соле, ки озмун доир мегардад, танҳо соли 2023 як нафар-Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардида буду халос.
Маросими ҷоизасупории озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2025 дирӯз, 1-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд. Имсол дар озмун 156 нафар ғолиб дониста шудаанд. Аз ҷумла 26 нафар соҳиби ҷойи аввал, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ғолиби ҷойи сеюм гардидаанд.
Дар ҳар бахш ба як нафар соҳиби ҷойи аввал 70 ҳазор сомонӣ, ду нафар ғолиби ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва 3 ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардидааст. Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Озмун имсол аз рӯйи 8 номина – математика (арифметика, алгебра), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.
Озмун дар ҳар бахш вобаста ба синну сол байни хонандагон мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Ғолибони ҷойи аввал байни хонандагони мактабҳои умумӣ ва ибтидоии касбӣ дар 8 бахш:
– Муҳаммадбасир Раҳимов, хонандаи синфи 11-и мактаби №89-и шаҳри Душанбе - бахши “Математика”;
– Фаришта Раҳматуллоҳзода, хонандаи синфи 8-и мактаби №24-и шаҳри Душанбе - бахши “Биология”;
– Имрон Сафарзода, хонандаи синфи 11-и мактаби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
– Сумая Абдуллоева, хонандаи синфи 6-и мактаби №55-и ноҳияи Восеъ - бахши “География”;

– Абдулло Ҳақназаров, хонандаи синфи 11-и мактаби №60-и Душанбе - бахши “Химия”;
– Муҳаммадҷон Аминов, хонандаи синфи 10-и мактаби №35, Душанбе - бахши “Физика ва астрономия”;
– Зикрулло Мадализода, хонандаи синфи 11-и мактаби Россия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов, дар шаҳри Хуҷанд - бахши “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”;
– ГулиҷонРузибоева, хонандаи синфи 11-и мактаби №6-и ноҳияи А.Ҷомӣ - бахши “Ихтирокорӣ ва навоварӣ”.
Ғолибони ҷойи аввал байни хонандагони литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ:
– Меҳрубон Юсупов, хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе - бахши “Математика”;
– Зайнаб Ҳасанзода, хонандаи синфи 11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор - бахши “Биология”;
– Анри Эсоев, хонандаи синфи 11-и литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” дар шаҳри Душанбе - бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
– Саидшои Сафархон, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе - бахши “География”;
– Сабринаи Абдурасул, хонандаи синфи 10-и литсейи иноватсионии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Душанбе - бахши “Химия”;
– МуҳаммадёсинМаъмуров, хонандаи синфи 11-и литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.”, Душанбе - бахши “Физика ва астрономия”;
– Афрузиддин Низамитдинов, хонандаи синфи 10-и литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, ш.Хуҷанд - бахши “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”;

– Зулайхо Юсупова, хонандаи синфи 11-и литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе - бахши “Ихтирокорӣ ва навоварӣ”.
Ғолибони ҷойи аввал байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ:
– Шоҳрух Ҳусейнов, донишҷӯи курси 2-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - бахши “Математика”;
– Шерафкан Ҳомидов, донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - бахши “Биология”;
– Тавҳид Ибодуллоев, донишҷӯи курси 2-и филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС, шаҳри Душанбе - бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
– Хуршед Алимзода, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - бахши “География”;

– Анушервон Боронов, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - бахши “Химия”;
– Макнуна Муродова – магистри курси 2-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - бахши “Физика ва астрономия”;
– Абдулазиз Авезов, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ – бахши “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”;
– Фариза Исоева, магистри курси 2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бахши “Ихтирокорӣ ва навоварӣ”.
Ғолибони ҷойи аввал байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён, омӯзгорони мактабҳо, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун (танҳо дар ду номина ғолибон муайян гардидаанд):
– Юсуфҷон Домуллоҷонов, мутахассиси пешбари Маркази технологии информатсионӣ ва коммуникатсия дар шаҳри Хуҷанд – бахши “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”;
– Абдуқосим Тоҳирзода, мудири озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вируси парандаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон – бахши “Ихтирокорӣ ва навоварӣ”.

Бо рӯйхати пурраи ғолибони озмун дар ин пайванд шинос шавед.
Бояд гуфт, имсол соли панҷум аст, ки озмуни мазкур дар кишвар доир мешавад. Мақсади баргузории озмун "ҷалби наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" гуфта мешавад.
Имсол ҷоизаи пулии ин озмун низ дар қатори озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд шуд. Акнун ғолибони ҷйҳои 1, 2 ва 3 мутаносибан 70, 50, 30 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорони хонандагони мактабҳо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд. Қаблан, ғолибони озмун барои ҷои якум 35 ҳазор, дувум 25 ҳазор ва сеюм 15 ҳазор сомонӣ мегирифтанд. Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон соҳиби ҷоиза мегардиданд, 10 ҳазор сомонӣ дода мешуд.
Маблағи “Шоҳҷоиза” низ зиёд шудааст ва ба ҷойи 70 ҳазор сомонии қаблӣ, акнун 140 ҳазор сомонӣ мегирад. Вале имсол ба он касе сазовор нагардид.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми худ ба муносибати Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ, аз ҷумла “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интиқод карда буд.





Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста