Буҳрони нави Русияву Укроин ё буҳрони Русияву Ғарб бар сари Укроин, мисле ба назар мерасад буҳрони дарозмуддате хоҳад буд. Дидгоҳҳо ва назари коршиносону таҳлилгарон дар ҳар кишвар гуногун аст. Дар Тоҷикистон бархеҳо (аксарият) дар ин низоъ ҷонибдори Русияаанд, бархеҳо (аққалият) аз Укроин ҳимоят мекунанд.
Аммо дар ин миён коршиноси варзидаи тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар бораи таҳаввулоти авзоъ дар Укроин (ба расмият шинохтани соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донеск ва Луҳанск аз сӯйи Русия) дидгоҳҳои мутавофиттаре пешниҳод мекунад:
1.Дар атрофи масъалаи ҷанги эҳтимолӣ дар Донеск ва Луҳанск ҳудуди як моҳи охир гуфтумони зиеде ба назар расид ва мо шоҳиди ҷанги иттилоотии фарогире будем. Худи омили 16 феврал як нуктаро собит кард, ки ба ҷойи як кишвари соҳибихтиёр дигар давлати манфиатдор метавонад фазосозӣ кунад. Бахусус, омили берун кардани дипломатҳо ва шаҳрвандони кишварҳои гуногун аз Украина саволҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, густариши зарфияти иттилоотӣ (мавҷудияти расонаҳои қавӣ) дар ростои ҷангҳои ҳибридӣ бисёр муҳим шуда истодааст.
2.Эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки сенарияи ҳаводиси соли 2014 такрор гардад. Ин шароитро агар аз диди манфиатҳои кишварҳои фиристандаи муҳоҷирон баррасӣ кунем, пас маълум мешавад, ки эҳтимол буҳрони нави иқтисодӣ дар пеш бошад ва он ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад.
3.Ҳодисаҳои имруза идомаи буҳрони 2014 аст ва мустақиман ба он рабт дорад. Яъне консерватсия шудани буҳрон ё мушкилот дар миёнамуҳлат эҳтимоли суистифода шудани онро аз ҷониби бозингарони хориҷӣ зиёд мекунад. Бинобар ин, ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мавҷуда бо назардошти ҳузур ва фаъолият доштан дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ба як рукни муҳими ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ мубаддал мекунад.
4.Омили манфие, ки дар ростои ин буҳрон ба назар расид, ин эҳёи суннатҳои ҷанги сард аст. Ҳам Ғарб ва ҳам Русия бо он сиёсатҳое, ки аз ҷанги сард мерос гирифтаанд, буҳронро дар шакли пӯшида нигоҳ доштанд ва нахостанд онро ҳал кунанд: дар натиҷа кор аз кор гузашт ва то инҷо омада расид. Яъне дар эҳёи принсип ва суннатҳои ҷанги сард ҳарду тарафи низоъ (Ғарб ва Русия) “гунаҳкор” ҳастанд.
Дар ин марҳила мо - ҷомеа ва корбарони фазои шабакаҳои иҷтимоии ватанӣ набояд ба ҷонибдору мухолифи сиёсату амалкарди кишварҳои калидии буҳрон тақсим шавем ва масъаларо бояд аз диди манфиатҳои Тоҷикистон баррасӣ кунем. Он энергияе, ки ба таблиғу тафсир ва муаррифии сиёсатҳои Ғарб ва Русия сарф мешавад, беҳтар ба самти созандагӣ нигаронида шавад. Чун барои мо муҳимтар аз манфиатҳои миллии кишварамон нуктае дигаре бояд асосӣ набошад.
5.Вазъи имруза ба он мебарад, ки ҷонибдорону манфиатдорони буҳрон то ҷое бошад, сиёсат ва манфиати худро таъмин мекунанд ва ягона кишваре, ки бохт мекунад маҳз Украина аст. Мутаассифона, ҳамаи амалкарди ин кишвар мутобиқ ба стратегияи “бохт-бохт” аст. Ва дигар давлатҳои пасошуравиро бояд ҳушёр кунад, то манфиатҳои олии кишвари худро қурбонии бозиҳои геополитикӣ накунанд.
6.Пешбинӣ намудани рушди эҳтимолии вазъ комилан ғайриимкон мебошад ва онро аз чанд зовия баҳогузорӣ намудан мумкин аст: эҳтимоли ҷанги нав калон аст(1); манфиатҳои Украина ба савдо гузошта мешавад ва бо қонеъ шудани ҳадафҳои Ғарб ва Русия ба эътидол омада, консерватсия мегардад(2); эҳтимоли сар задани низоъи нав дар сарҳадҳои собиқ кишварҳои пасошуравиро бештар мекунад, масалан Толибон аз вазъ истифода намуда, ба ҳалли масъалаи Панҷшер шуруъ намуданд(3); ва ғайра...
7.Аз диди манфиатҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи кунунӣ мавқеи бетарафӣ ва даъват ба эътидол овардани масъала тариқи гуфтушунид, бидуни тарафдории мавқеи яке аз ҷонибҳои буҳрон (Ғарб ва Русия) беҳтарин стратегия аст. Зеро агар нисбат ба ҷонибе афзалият диҳанд, хатару таҳдид ва зарарҳои зиёдеро барои манфиатҳои миллии худ ба вуҷуд меоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста