Шаби Соли нави мелодӣ кормандони пулис дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 2 ҳазор нафар, асосан зодагони кишварҳои хориҷи наздикро боздошт намуданд, хабар медиҳад “Фонтанка” бо истинод ба Сарраёсати ВКД.
Дар хадамоти матбуот ба нашрия хабар додаанд, ки шаби Соли нав “ба хотири таъмини амнияти одамон, пешгирии танбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ” равуо ба майдони Двортсовий маҳдуд шуда буд.
“Дар рафти санҷиш ҳолатҳои сершумори нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор ва вобаста ба онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуданд”, - гуфтаанд дар мақомоти пулис.
Дар Сарраёсати ВКД зикр кардаанд, ки ҳангоми чорабиниҳои идона дар майдони Двортсовий “зиёда аз даҳҳо талоши истифодаи маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ) пешгирӣ шуд”, ки дар ҳолати издиҳоми зиёди мардум фоҷеабор шуда метавонист.
Навори видео ва суратҳои боздоштро дар Петербург қаблан “Фонтанка” ба нашр расонид. Ҳамчунин дар наворҳои телеграм-канали SOTA дида мешавад, ки кормандони сохторҳои қудратӣ одамонро дар Маскав боздошт мекунанд. Сарраёсати ВКД дар бораи ҳолатҳои боздошт хабар надод.
Хабаргузории РБК барои шарҳи масъала ба хадамоти матбуоти Саррраёсати ВКД дар шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат намуда, ба Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар ин хусус дархост фиристод.
Рӯзи 30 декабр Департаменти амнияти минтақавӣ ва муқовимат бо коррупсияи Маскав хабар дода буд, ки аз соати 17:00-и 31 декабр то 07:00-и 1 январ ҳукумати Маскав равуо ба Майдони Сурхро маҳдуд мекунад. Ин тадбир вобаста ба вазъи марбут ба коронавирус рӯйи даст гирифта шуд. Зикр шуда буд, ки маҳдудиятҳо инчунин ба "амалисозии чораҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҷамъшавии издиҳоми зиёди мардум" марбут буданд.
Дар ҳамин ҳол, ТАСС хабар дода буд, ки дар давраи истироҳати солинавӣ дар Маскав баргузории тадбирҳои назорату пешгирӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба онҳо кормандони пулис ва намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар мешаванд.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста