Бар асари заминларзаи 6,3 дараҷа дар Ҳироти Афғонистон беш аз 2000 нафар ҷон бохта ва наздики 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мардуми маҳаллӣ ба хок кардани қурбониёни заминларзаи Ҳирот шурӯъ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ВВС бо такя ба манобеи гуногун иттилоъ медиҳад.
Тасвирҳои нашршуда нишон медиҳад, ки теъдоде аз рустоҳои атрофи Ҳирот бар асари заминларза комилан тахриб шудаанд ва мардуми маҳаллӣ то ҳол бо дасти холӣ дар зери харобаҳои хонаҳои умдатан гилин пайвандони худро ҷустуҷӯ доранд.
“Теъдоди зиёди кушташудагон сабаб шудааст, ки сокинон қурбониёнро ба таври дастаҷамъӣ ба хок супоранд”, - менависад манбаъ.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон гуфтааст, ки мушоҳидаҳои саҳроии онҳо низ нишон медиҳанд, ки вазъ дар Ҳирот “хеле бадтар аз гумони аввал аст”.
“Деҳаҳо фурӯ рехт ва бисёре аз сокинон то ҳол дар зери харобаҳо мондаанд. Мардуми маҳаллӣ аз сустии амалиёти наҷот ва адами кумаки созмонҳои байналмилалӣ шикоят доранд”, - гуфтааст масъулини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон.
Ба иттилои аз ҷониби масъулини Толибон* нашршуда, бар асари ин офати табиӣ дар Ҳирот то кунун 9 ҳазору 200 нафар захм бардошта, беш аз 2 ҳазор нафари дигар ҷон бохтаанд ва 1 ҳазору 300 хона вайрон шуда ё зарар дидааст.
Хисорот ҳоло ҳисоб мешавад.
Сахар Ҳайдарӣ, ҳамшираи шафқат дар бемористони семинарияи Ҳирот, дар бораи набуди ҷой барои осебдидагони заминларзаи ахир дар ин бемористон ва ҳамчунин камбуди дору барои беморон сӯҳбат мекунад.
Вай меафзояд, бемористони марказии Ҳирот имкони қабули афроди бештари маҷрӯҳро надорад. Шарҳи бештари ӯро дар ин видео бубинед.
Кумакҳои милливу байналмилалӣ
Баъди нигарониҳову шикоятҳо, Толибон хабар доданд, ки дар як маҷлиси изтирорӣ комиссияи вижае барои ҳамоҳангсозии кумаки бахшҳои ҳукуматӣ таъсис дод ва буҷаи 100 миллион афғонӣ ҷудо кард.
Як тоҷири афғонистонӣ ҳам аз кумак ба осебдидагони заминларза дар Ҳирот хабар дод. Мирвайс Азизӣ, раиси “Бунёди Азизӣ” эълом кард, ки 200 миллион афғонӣ ба осебдидагони заминларзаи Ҳирот кумак хоҳад кард.
Азизӣ, ки ҳамзамон молики “Бонки Азизӣ” дар Афғонистон аст, дар шабакаи “X” (собиқ Твиттер) навишт, ки ин пул “ба таври фаврӣ тавассути Сандуқи Азизӣ ҷудо шудааст ва ҳайат барои тақсими кумак ба Ҳирот сафар мекунад”.
Бархе аз фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба осебдидагони зилзила дар вилояти Ҳирот кумаки нақдӣ ва ғайринақдӣ ҷамъоварӣ мекунанд.
Мардуми манотиқи дигар ба кумаки ҳиротиён шитофтаанд.
ЮНИСЕФ хабар дод, ки ба хонаводаҳои аз заминларза осебдидаи Ҳирот як силсила кумакҳоро мерасонад.
ЮНИСЕФ эълом кард, ки ҳоло ба хонаводаҳои осебдида ва марказҳои беҳдоштӣ либоси зимистона ва маводи беҳдоштии изтирорӣ ирсол кардааст.
Комиссари башардӯстонаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки тимҳои ӯ барои арзёбии хисороти расида ба осебдидагони заминларзаи Ҳирот ба он ҷо рафтаанд.
Янз Ленарчич дар шабакаи “X” навишт: “Шарикони башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон ба Ҳирот рафтанд, то ба осебдидагон кумак расонанд”.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба мардуми Афғонистон баён кард.
“Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунад. Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст”, - навишт сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз карда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно менамояд.
Ин заминларза дар вилояти Ҳироти Афғонистон рӯзи 7-уми октябр рух дода, шиддати он 6,3 дараҷа гуфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли гузашта ҳам дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон заминларзаи шадид рух дода, бар асари он беш аз ҳазор нафар ҷон бохта буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста