Кормандони милитсия дар ноҳияи Вахш Рамазон Салимовро бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 8-сола дастгир карданд. Ин ҳодиса баъд аз озод шудани гумонбар аз зиндон пас аз авф ба вуқӯъ омадааст.
“Рамазон Салимови 38-сола дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб як ноболиғи ҳаштсоларо ки ба чаронидани чорво машғул буд, дохили заҳкаш бурда, нисбат ба ӯ кирдорҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ содир кардааст, - гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон. - Гумонбар пас аз чанд соати ин ҷиноят ба нобилиғи дигар дарафтода, бо роҳи зӯрӣ аз ӯ 1 дастгоҳи аудиовизуалиро тасарруф кардааст”.
Тавре ба Asia-Plus сухангӯйи ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ иттилоъ дод, то имрӯз беш аз 60 нафар ашхосе, ки дар ҷараёни маъракаи авф ба озодӣ баромаданд, дубора бо ҷиноятҳои гуногун дастгир шудаанд.
Кормандони милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонзани 30-соларо бо гумони куштори тифли навзодаш боздошт кардаанд.
Сокинони кӯчаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи мазкур дар даҳони сагҳои дайду ҷасади кӯдакро мушоҳида карда, ба милитсия хабар додаанд.
“Дар рафти чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ як ҷавонзани 30-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов дастгир шудааст, ки соҳиби оилаи солим ва се фарзанд аст”, - гуфта мешавад дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон.
Ҷавонзан ҳангоми фаро расидани зоиш дар зинапояи даромадгоҳи хона кӯдакро солим таваллуд карда, мақсадаш аз ҳаёт маҳрум сохтани тифли навзод будааст. Ҳангоми таваллуд кӯдак аз зинапоя ба замин афтода, сараш осеб мегирад ва чанд муддат гиря карда, пас аз 20 дақиқа ба ҳалокат мерасад. Вай сипас кӯдакро дар халтаи селофанӣ печонида, ба партовгоҳ мепартояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.