Дар нимаи моҳи декабри соли равон дар бораи Тоҷикистон дар сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Америка “National Geographic”, мақолаи ҷолибе бо сарлавҳаи “Харобаҳои империяи як замон пурқудрати Роҳи Абрешим дар Тоҷикистонро кашф намоед” нашр шуд, ки ба қалами нависандаи озод аз Лондон Ҳенри Висмайер тааллуқ дорад.

Муаллиф дар мақола муҳимтарин бозёфти бостоншиносии Тоҷикистонро бо Мачу Пикчу (шаҳри қадимае дар Амрикои Лотинӣ, ҳудуди давлати Перу) муқоиса намудааст.

Ҳамчунин, дар мақола аксҳои бардоштаи суратгири машҳури шведӣ Маркус Вестберг истифода гардидааст.

Тарҷумаи пурраи ин мақола пешниҳоди хонанда мегардад.

Аввал дар назар танҳо як майдони росткунҷа дар доманаи кӯҳҳои Помир дар маркази Тоҷикистон менамояд, вале замоне буд, ки дар ин сарзамин садои наъли аспҳо ба гӯш мерасид.

Дар домани фарохи кӯҳистон, ки болотар аз дарёи хурӯшони Аму ҷойгир аст, ин баландтарин майдони қадимаи бузкашӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Майдони марказии бозӣ замоне як шаҳраки паҳноваре буд, ки тӯли садсолаҳо нақши пойтахти сиёсӣ ва мазҳабиро мебозид, аммо бо гузашти замон дар мавҷи пуртуғёни таърих нопадид шуд.

Ин майдон, ки 15 гектар паҳно дорад ба гуфтаи масъулин, муҳимтарин макони бостоншиносии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Наздикии деҳаи Рузвати ноҳияи Дарвоз. Ин макони бостонӣ қисме аз шаҳри Карон ҳисобида мешавад.
Акс аз сомонаи nationalgeographic.com

Ин муҳимтарин ёдгории миллӣ барои эҳёи ҳувияти тоҷикон маҳсуб мегардад. Инчунин ин ёдгорӣ як ҷозибаи эҳтимолӣ барои сайёҳонест, ки тариқи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ роҳ ба сӯйи Бадахшон пеш мегиранд.

Ин шаҳраки бостонӣ аз нигоҳи аҳамияти таърихӣ ба Мачу Пикчу баробар буда, бостоншиносон онро Қалъаи Куҳна ё макони бостонии Карон — Қалъа яъне “замини баланд” меноманд.

Бозёфти асосии археологӣ дар Тоҷикистон

Соли 2012 Юсуфшо Ёқубов, бостоншиноси Академияи илмҳои Тоҷикистон барои таҳқиқи як теппаи номаълуми харобаҳои болои деҳаи кӯчаки Рузват дар доманакӯҳҳои ғарбии Помир ба минтақаи Дарвоз даъват шуда буд.

Тоҷикистон дар тӯли асрҳо чорроҳаи тиҷоратии империя буда, дар он қалъаҳо, кӯшкҳо, мадрасаҳо ва корвонсаройҳо дар замони шукуфоии Роҳи Абрешим бунёд ёфтаанд.

Юсуфшо Ёқубов, бостошиноси ботаҷриба, ки ҳоло 87-сол дорад, ҳангоми пайдо намудани ин макон дарҳол фикр кард, ки онҳо ба чизи ғайриоддӣ дучор шудаанд.

Моҳи июл ҳангоми мулоқот бо ӯ дар шаҳри Душанбе, ӯ гуфт, ки солҳо дар бораи ин ҷой танҳо овозаҳо буданд, аммо пас аз оғози ковишҳои бостонӣ маълум шуд, ки ин макони махсус аст.

Ҳайати ковишгарон таҳти роҳбарии Юсуфшо ба болои теппа баромада, ба кофтани девори қалъа, ки масоҳаташ қариб 20 метри мураббаъ буду гунбаз ва девораш аз хишти гилин бино ёфта буд, шуруъ намуданд.

Вақте, ки тадқиқоти амиқтар сурат гирифт Юсуфшо ба хулосае омад, ки он “маъбади оташин” аст, ки шояд замоне дар он шӯълаи абадӣ ҷой дошт, яъне нишон аз дини зардуштӣ, ки аз империяи Форс дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиҳо то ба Эрон паҳн шуда буд (асри 6 пеш аз милод).


Дере нагузашта бозёфтҳои дигар пайдо шуданд.

Дар талу теппаҳои гирду атроф оромгоҳҳои бостонӣ кашф гардиданд.

Кофтукови маъбади эҳтимолии обӣ ва расадхона дар паҳлӯи девори боқимондаи мудофиавӣ тахмини Юсуфшоро оид ба макони дорои мақоми махсуси расмӣ будани Карон тақвият дод.

Далелҳо оид ба омода гардидани шароб ва коркарди тилло шаҳодати иқтисодиёти як замон шукуфои ин сарзамин мебошад. Тангаҳое, ки дар наздикии маъбади оташ ёфт шудаанд ба асри 2-и милодӣ тааллуқ доранд.

Карон дар кисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) воқеъ аст.

Ҳамин тариқ кашфи шаҳри бостонии Карон на танҳо ҳамчун як марҳилаи таърихи тоҷикон, балки ҳамчун рамзи бунёди давлатдорӣ аҳамияти калон дорад.

Сарфи назар аз тамоми аҳамияти таърихии он, хронологияи Карон ҳамчун як масъалаи тахминӣ боқӣ мемонад.

“Аз рӯи андоза ин макон метавонист як шаҳри асрҳои миёна бошад. Чунин маҳаллаҳои ахолинишин дар баландкӯҳҳои Осиёи Миёна ниҳоят каманд. Карон як сирри воқеӣ аст", - менависад Павел Лури, мудири бахши омӯзиши Осиёи Марказӣ дар осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург, ки се мавсим бо Юсуфшо Ёқубов кор кардааст.

Лури бовар дорад, ки дар асрҳои миёна шаҳраки Карон ба фано рафт. Чанд манобеъи адабӣ бар ин назаранд, ки қисмати охирини аҳолии он дар аввалҳои асри 17 ба далели хушк шудани чашмаҳои маҳаллии кӯҳистонӣ ба водии Панҷ кӯч бастаанд.

1/2

Сайёҳон чиро бояд донанд?

Калъаи Хумб дар масофаи 370 км аз Душанбе дар доманаи қатторкӯҳҳои Помир ҷойгир аст. Автобусҳо ва микроавтобусҳо аз истгоҳи автобусҳои Бадахшон ҳаракат мекунанд ва тақрибан 12 соат дар роҳанд.

Ширкатҳои сайёҳии тавсияшаванда, ки ба таври фарогир дар Помир таҷриба доранд - Orom Travel ва Paramount Journey дар Тоҷикистон ва Adventures Adventures дар Британияи Кабир мебошанд.

Дар куҷо шабро гузаронидан мумкин аст?

Меҳмонхонаи Карон Палас як бинои муосир ва бароҳат дар маркази Қалъаи Хумб буда, ҳуҷраҳои асосӣ ва арзонтарро дар он пайдо кардан мумкин аст.

Қалъаи Хумб

Чӣ бояд кард?

Қалъаи Хумб барои аксари сайёҳон як истгоҳи роҳи Хоруғ ва водиҳои Бадахшони Марказӣ аст. Боғи миллии Тоҷикистон дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.

Мавзеи Карон яке аз ҷойҳои фарҳангии Помир, аз ҷумла чашмахои гарми Гармчашма ва қалъаи таъсирбахши Ямчун мебошад, ки дар баландии долони Вахон воқеъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.