Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21-уми январ, бо сафари давлатӣ ба Қатар рафт ва бо якчанд мақомдорони ин давлат мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар сарвари давлатро ёрдамчиёни раиси ҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ ва масоили иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва тиҷорат, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, молия, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Эмомалӣ Раҳмонро вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад ибн Солеҳ ал-Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ворид шудан ба Қатар бо раиси Маҷлиси Шӯрои давлатии ин кишвар Ҳасан бин Абдуллоҳ Ал-Ғоним мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии равобити байнидавлатии ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот кард.
Ҷонибҳо таъсиси “Фонди муштараки иқтисодиву сармоягузорӣ”-ро муҳим донистанд ва интизор меравад, ки ин фонд ба зудӣ таъсис дода шавад.
Онҳо ҳамчунин доир ба имконияту зарфиятҳои Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ ҳарф задаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо татбиқи минбаъдаи лоиҳаи “Диёри Душанбе” дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар иншоотҳоро баррасӣ кардаанд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ талаботи аҳолии кишвар ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла ба манзил ва марказҳои бузурги савдои замонавӣ меафзояд.
Аз ин рӯ, ҷалби сармояи як ширкати Қатар барои бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зербинои гардишгарӣ дар Тоҷикистон судманд дониста шудааст.
Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ низ мулоқот карда, перомуни иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва истифодаи онҳо ба манфиати ҳарду давлат ҳарф задааст.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки Тоҷикистон ба рушд ва тавсеаи равобит бо Қатар дар бахшҳои саноат ва энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
“Бо дарназардошти захираҳои бузурги Тоҷикистон аз ҷониби Қатар даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими саноатӣ ба нафъи ду кишвар саҳм гузорад”, - менависад хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии “Небрас” Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот анҷом додааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин нишастро барои тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо муҳим хонда, аз ҷониби Қатар даъват кард, ки имконоти сармоягузорӣ дар тавлиди нерӯи барқ аз манобеъи таҷдидшавандаро таҳқиқ кунад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот кард.
Сарвари Тоҷикистон дар ин дидор Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ хонд.
Ҷонибҳо истифодаи зарфияти бузурги транзити Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, манобеъи таҷдидшавандаи энержӣ, ҳамкорӣ дар заминаи саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳоро баррасӣ карданд.
Ҳарду ҷониб аз ҷониби Қатар барои бунёди марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ барои коркард, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар сармоягузорӣ кардан мувофиқ дониста шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” таъсис дода шавад.
22 январ дар шаҳри Давҳа Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз, 22-юми январ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Лубнон дар Ҷоми Осиё дар Давҳа бозӣ анҷом медиҳад. Аммо маълум нест, ки сарвари давлат дар ин бозӣ иштирок мекунад ё не.