Маблағи умумии андозҳое, ки соли гузашта аз ҷониби соҳибкорон ба сифати имтиёз истифода шуданд, 7,4 млрд сомонӣ (тақрибан 680 млн доллар)-ро ташкил дод. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар Душанбе Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз хабар дод.
Раиси Кумита ҳамчунин изҳор намуд, ки имтиёзҳо аз пардохти андоз аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд.
«Ин ҳама барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар, фаъолияти корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ анҷом дода мешавад», - гуфт Давлатзода.
Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки то чӣ андоза дуруст, бе вайрон кардани қонунгузорӣ ва самаранок истифода кардани имтиёзҳо аз ҷониби соҳибкорон “саволи дигар аст”.
Давлатзода таъкид дошт, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар Тоҷикистон имтиёзҳо аз пардохти андоз бештаранд. Ӯ аз муқоиса маҳз бо кадом кишварҳо сухане нагуфт.
Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари танҳо андозҳои дохилӣ сухан меравад, ки ба ҷамъоварии онҳо Кумитаи андоз машғул аст. Ҳукумат ҳамасола барои субъектҳое, ки бо амалиёти тиҷорати хориҷӣ машғуланд, низ имтиёзҳо аз пардохтҳои гумрукӣ пешниҳод мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар соли 2024, буҷети давлатии кишвар аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 20 млрд 426 млн сомонӣ (тақрибан 1,9 млрд доллар) дарёфт кардааст.
Имтиёзҳои бесамар
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатӣ барои солҳои 2024-2029 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2024-2026-ро қабул кард, ки ба зиёд кардани даромадҳои буҷети давлатӣ равона шудаанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345787/photo_2025-02-14_12-20-07.jpg)
Таҳиягарони он, аз ҷумла зикр мекунанд, ки дар қонунгузорӣ барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисод беш аз 100 имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ пешбинӣ шудааст, лекин субъектҳое, ки аз онҳо истифода мебаранд, ба таври бояду шояд ба мақомоти соҳавӣ ҳисобот намедиҳанд ва ин барои арзёбии самаранокии ин имтиёзҳо монеъа эҷод мекунад.
Ҳамзамон муаллифон эътироф мекунанд, ки «дар бисёр ҳолатҳо имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ самаранок истифода нашуда, ба рушди соҳаи равонагардида мусоидат намекунанд, балки баръакс, ба коҳиши даромадҳо ба буҷет боис мегарданд».
Илова бар ин, онҳо чунин мешуморанд, ки истифодаи ғайриқонунии имтиёзҳо, бахухус имтиёзҳои инфиродӣ, рақобати носолим ба вуҷуд меоранд, ки ба бад шудани вазъи моддии гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон ва коҳиши манбаъҳои андозбандӣ оварда мерасонанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Барнома дар бораи «мавҷуд будани имтиёзҳои инфиродӣ» дар кишвар сухан меравад, ҳарчанд мақомоти дахлдор тайи солҳои ахир борҳо изҳор доштаанд, ки аз ин таҷриба даст кашидаву акнун имтиёзҳо танҳо ба соҳаҳои алоҳида дода мешаванд.
Инчунин муаллифони санад ба норасоии нашри маълумот дар бораи имтиёзҳо аз пардохти андоз дар сомонаҳоии расмии Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ишора мекунанд.
Ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудааст, ки барои пешгирӣ аз роҳҳои пинҳонии саркашӣ аз пардохти андоз, истифодаи оқилонаи имтиёзҳо аз пардохти андоз ва коҳиши сарбории андоз ба андозсупорандагони масъул, инчунин коҳиш додан ва бекор кардани имтиёзҳои бесамар ва пурра маҳдуд кардани имтиёзҳои инфиродӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Имтиёздорони соли 2025
Мувофиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2025” соли равон пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ тибқи 17 банд пешбинӣ шудааст.
Байни имтиёздорон меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” зикр шудааст, ки аллакай 19 сол инҷониб сохтмонаш дар Душанбе идома дорад.
Фармоишгар ва паймонкори иншооти мазкур дар соли 2025 танҳо 50% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (меъёри маъмулии ААИ - 14% ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 18%)-ро пардохт мекунанд.
Ҳамин гуна имтиёзҳо дар соли равон ба бинокорони Театри миллӣ дар Душанбе, бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав, варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар пойтахт ва баъзе иншооти дигар дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар дода мешаванд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345787/photo_2025-02-14_12-21-46%20%282%29.jpg)
Меъёри ААИ ба ворид намудан, коркард ва фурӯши маҳсулоте, ки аз гандум коркард шудааст (ба истиснои гандуме, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ворид шудааст), инчунин маснуоти макаронии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда дар сатҳи 10% муқаррар шудааст (меъёри стандартии ААИ 15%-ро ташкил медиҳад).
Ғайр аз ин, воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва шумораи онҳо аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда, аз ҳисоби буҷети ҷусмҳуриявӣ ва буҷети Душанбе харида мешаванд, инчунин барои зиёд кардани парки автобусҳо ва беҳбуди ҳолати соҳаи алоҳида пойтахт харидорӣ мешаванд, пурра аз пардохти меъёри муқарраршудаи АИИ дар ҳаҷми 50% ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
КВД “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти ААИ зимни фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин ворид намудани маҳсулоте, ки номгӯи онҳо аз ҷониби ҳукумати ҶТ тасдиқ мешавад, 50% аз меъёри муқарраршуда ва пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Ба маблағи қарз аз пардохти андози ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ҶСК “НБО Роғун”, ки аз ҳисоби интиқоли барқи ҶСК “Барқи тоҷик” ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
Ҳамчунин соли равон воридкунандагони мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, воридкунандаи бланкҳои шиноснома ба ВКХ, ки ҳомилҳои электронии маълумот доранд ва чанде аз паймонкорони неругоҳи “Роғун” аз пардохти андоз имтиёзҳо мегиранд.
Инчунин чунин имтиёзҳо ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ, воридкунадагони тухмии муайянизироатҳои кишоварзӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ барои шинонидан дар боғу кӯча ва хиёбонҳои пойтахт, содиркунандагони битуми КВД “Роҳсоз”, сохтмончиёни бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ва ғайра дахл хоҳанд дошт.