Барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини шаҳри Хоруғ Алишер Хушдилов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем ӯ аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ахтар ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ 13 килову 200 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш мехарад.

Зимни интиқоли маводи нашъаовар дар автомашинаи шахсиаш Алишер Хушдилов аз чониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯшон дастгир ва аз дохили автомашинааш маводи нашъадор дарёфт мешавад.

Бо қарори суди ноҳияи Рӯшон Алишер Хушдилов барои даст доштан дар муомилоти ғариқонунии маводи нашъаовар ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 61 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.