Мақомоти тафтишотии Русия иҷоза гирифтанд, макони нафарони саркаш аз хидмати ҳарбиро санҷиш ва мушаххас намоянд. Ҳамчунин, ба онҳо ҳақ дода шуд, ки қонунӣ будани шаҳрвандии Русияро тафтиш намоянд.
Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.
Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав дар робита ба саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аллакай санҷишро оғоз карда, 22 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
“Мақомоти тафтишотӣ ба таваҷҷӯҳи ҷомеа мерасонад, ки тибқи моддаи 24-и Қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”, шаҳрвандии Русия дар сурате қатъ карда мешавад, ки шаҳрванд (нафари шаҳрвандиро пазируфта) яке аз ҷиноятҳои пешбинишуда, аз ҷумла саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативии шаҳрвандиро содир карда бошад”, - зикр мегардад дар изҳороти Кумитаи тафтишотӣ.
Бояд гуфт, ки маъракаи тафтиши ҳолатҳои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Русия дар маконҳои ҷамъомад ва иқомати муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи мушаххас кардани афроде, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, вале барои сабти ном ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир нашудаанд, рейдҳо анҷом додаанд. Пас аз тафтиши аснод айбдоршавандагон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва барои озод кардан ё ба таъхир андохтан аз хидмат асос надоштанд, ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристода шуданд.
Рӯзи 19 октябр раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин пешниҳод намуд, ки муҳоҷироне, ки шиносномаи Русияро гирифтаанд ва аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд ё дар ҷанги зидди Украина ширкат кардан намехоҳанд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд.
“Дар ҳоле, ки амалиёти вижаи низомӣ ҷараён дорад, ман фикр мекунам, ки мо бояд онҳоро ба гузаронидани амалиёти махсуси низомӣ ҷалб кунем. Агар шумо ҳамчун шаҳрванди Русия барои иҷрои вазифаи низомии худ омода набошед, бояд қарор қабул кунед, ки чунин шахсро аз шаҳрвандӣ маҳрум кунед”, - гуфт ӯ.
Бастрыкин дар оғози соли ҷорӣ хабар дода буд, ки дар панҷ соли охир беш аз як миллион нафар, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз омадаанд, шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Аз ҷумла 550 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон шаҳванди Русия шудаанд.
“Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2022 беш аз 60 ҳазор зодагони ин давлатҳо шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва аз ин рӯ, на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадорӣ ҳам доранд. Дар робита ба ин, тавсия дода мешавад, ки масъалаи фиристодани нафарони шаҳрвандии Русияро гирифта барои иштирок дар иҷрои вазифаҳои амалиёти махсуси ҳарбӣ дар навбати аввал баррасӣ карда шавад”, - гуфт Бастрикин.