Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба шариконе, ки грант мегиранд, дар бораи боздоштани Барномаи кумаки хориҷии ин кишвар ба Аврупо, Авруосиё ва Осиёи Марказӣ хабар дод.
Дар огоҳии сафорат гуфта мешавад, ки он ба ҳамаи грантҳое, ки шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон медиҳад, дахл дорад.
Чунин мактубро дигар агентиҳои амрикоӣ ва инчунин ташкилотҳое, ки бо маблағҳои ИМА кумак мерасонанд, низ ба шарикони худ фиристодаанд.
Дар огоҳии сафорати ИМА дар ҶТ, ки рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта ирсол гардида буд, зикр шудааст, ки фаъолияти вобаста ба ин Барнома то гирифтани огоҳии хаттӣ дар бораи бекор шудани боздоштани он барқарор намешавад.
"Мо медонем, ки дар робита ба ин огоҳӣ саволҳои зиёде доред. Умедворем, ки дар чанд рӯзи наздик маслиҳатҳои иловагӣ пешниҳод хоҳем кард, аммо бо мақсади иҷрои фармони президент Трамп дар бораи бозбинӣ ва такмили кумаки хориҷии ИМА, мо вазифадорем шуморо дар бораи қатъи фаврии фаъолиятҳо оид ба грантҳои мавҷуда огоҳ кунем», – таъкид мекунад намояндагии дипломатии Амрико.
Қаблан 25 январ нашрияи Politico хабар дод, ки Котиби давлатии ИМА Марко Рубио фармоиш додааст, ки хароҷотҳо оид ба аксари грантҳои мавҷудаи кумаки хориҷӣ барои 90 рӯз боздошта шаванд.
Фармоиш ба ҳамаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии ИМА фиристода шуда, фавран мавриди амал қарор гирифтааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки қарори Департаменти давлатӣ дар пайи фармони президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи муваққатан боздоштани барномаҳои кӯмаки амрикоӣ ба кишварҳои дигар қабул шудааст.
Дар ҳуҷҷат истисноҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, дастгирии ҳарбии Миср ва Исроил идома меёбад.
Инчунин, ба кумаки фаврии озуқаворӣ ба кишварҳои дигар иҷоза дода шудааст.
Бар асоси санад, қарор дар бораи идома ё қатъ кардани барномаҳо пас аз санҷише, ки дар давоми се моҳи оянда гузаронида мешавад, аз ҷониби Департаменти давлатӣ қабул мегардад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Internews Network дар Тоҷикистон, ки аз ҷумла бо грантҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, хабар медиҳад, ки «дар робита ба боздоштани фаъолияти ҳамаи барномаҳои кумаки байналмилалии ИМА, мо наметавонем маблағҳоеро, ки кори ин ташкилотро дастгирӣ мекарданд, истифода кунем.
Мо маҷбурем тамоми фаъолиятҳоеро, ки аз захираҳои ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешаванд, ба таъхир гузорем», – таъкид шудааст дар хабар.
Тоҷикистону ИМА чӣ гуна ҳамкорӣ мекунанд?
Дар намояндагии дипломатии Амрико зикр мекунанд, ки байни ду кишвар “муносибатҳои шарикиҳои устувор ва босуръат рушдкунанда роҳандозӣ шудаанд.
Ҳар ду кишвар ҳамеша муносибатҳои ҳамкориро барои беҳбуди сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар масъалаҳое, ки барои ҳар ду кишвар аҳаммияти мутақобила доранд, дастгирӣ кардаанд”.
Гуфта мешавад, ки ИМА дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди ҷумҳурӣ зиёда аз 1,8 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.
Дар сафорат таъкид мекунанд, ки кӯшишҳои иҷрои ин рисолат ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва инчунин ба ислоҳоти васеи демократӣ ва иқтисодӣ, ки ба воридшавии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд ва таъмини суботи дарозмуддат равона шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муносибатҳо бо ИМА-ро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мешуморад.
“Ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд”, - зикр мекунанд дар ВКХ Тоҷикистон.
То кунун тарафҳо 35 санадро дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида, аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар мавзуоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ ва табодули андеша қарор мегиранд.
Ҳамчунин масоили байнулмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор мегиранд.
Дар навбати аввал ҳамкорӣ тариқи барномаҳои USAID дар Тоҷикистон зикр мегардад. Тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногун он ба рушди иқтисоду соҳаи тандурустӣ, маориф ва бахши кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон ва ИМА инчунин дар чаҳорчӯби қолаби С5+1 ҳамкорӣ мекунанд, ки муносибатҳо байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро фаро мегиранд.
Дар доираи қолаби мазкур ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА сурат гирифта, масъалаҳои мубрами минтақавӣ муҳокима мешаванд. Абзори асосии пешбурди ҳамкориҳо дар доираи қолаби мавриди назар гурӯҳҳои кории иқтисодӣ, энергетика ва муҳити зист ва амниятӣ мебошад, ки ҷаласаҳои онҳо солона барпо мешаванд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ШМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.
Дар соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону ИМА ҳудуди 100 млн долларро ташкил дод, ки зиёда аз 70%-и он ба воридоти молу маҳсулот аз ИМА ба ҶТ рост меояд. Аз соли 2014 то 2022 ҳаҷми сармоягузории мустақими ИМА ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 500 млн долларро ташкил медиҳад.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 17 млн доллар кумаки башардӯстона расонидааст, ки ба 16,4% аз ҳаҷми умумии кумаки башурдӯстона ба ҷумҳурӣ дар ин давра баробар аст.