Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имруз дар ҷашни Рӯзи дониш ҳамроҳи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаб аз тарафи соҳибкори ватанӣ - директори ҶДММ «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷӯрахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ дорои 68 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

1/8

Имрӯз президент ва раиси пойтахт инчунин бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарасторро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои хобгоҳ барои 375 нафар бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари ҶДММ "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов сохта шудааст.

Иншооти навбунёд 4-ошёна буда, бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат аст ва бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин иншоот ҳамзамон лифти замонавӣ амал мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хобгоҳи нав, бо 500 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.