Агар табаддулоти рӯзи 24 июн дар Маскав муваффақ мешуд, пас ҷангиёни “Давлати исломӣ”* (ДОИШ), ки имрӯз дар Афғонистони Шимолӣ қарор доранд, ба Тоҷикистон ҳамла мекарданд.
Дар ин бора шоми 27 июн ба коршиноси маъруф оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко як манбаи шинос бо вазъ дар филиали ДОИШ (ном бурда нашудааст) дар Афғонистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 24 июн дар Давҳа гӯиё мулоқоти таъҷилии яке аз масъулони дафтари “Толибон”* дар Қатар бо намояндагони хадамоти махсуси Қатар, ки бо фармондеҳони гурӯҳҳои ҷангии ДОИШ дар Афғонистон иртибот доранд, баргузор шудааст.
"Дар мулоқот вазъ дар Русия, ҳодисаҳои марбут ба ошӯби Пригожин ва балвои фармондеҳони ШХҲ-и “Вагнер” баррасӣ шуданд", - нашр кардааст суханони манбаъро Серенко дар канали Telegram-и худ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи ин мулоқот тасмим гирифта шудааст, ки “агар рушди вазъ дар Маскав аз зери назорат барояд, ба ҳамлаи босуръати ҷангиёни ДОИШ ва ҳамчунин муҷоҳидони тоҷик, аз ҷумла толибон ба Тоҷикистон халал расонида нашавад".
“Иштирокчиёни вохӯрӣ ба хулосае расидаанд, ки хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-ум ба вуруди муҷоҳидон аз Афғонистон муқовимати ҷиддӣ нишон дода наметавонанд”, - гуфтааст манбаи сиёсатшинос.
“Азия-Плюс” аз коршиносон пурсид, ки то кадом андоза ин маълумот ҳақиқат дорад?
Амири Замон, сиёсатшинос:
«Бетартибиҳо дар Русия, бешубҳа ба фаъол шудани ҷараёнҳои гуногун, аз ҷумла тундгаро дар самти ҷануби Русия оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон ин кайҳо маълум аст ва аз ин рӯ, ба Чин такя мекунанд.
Душанбе бо Пекин ҳамкориҳои стратегӣ дорад, машқҳои низомӣ баргузор гардида, кумак расонида мешавад ва чиниҳо зид нестанд, ки дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон таҷриба андӯзанд».
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:
“Ман бар ин назарам, ки маълумоти Серенко қобили таваҷҷуҳи ҷиддӣ аст. То ба имрӯз Толибон ягон ваъдаеро, ки қабл аз ба қудрат расидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафил дода буданд, иҷро накардаанд. Аз ин рӯ, ба эътимод доштан ба ваъдаҳои онҳо, ки аз ғасб (экспансия) даст кашидаву дар оянда сарҳади давлатҳои ҳамсояро вайрон карданӣ нестанд, асос нест.
Гуруҳҳои байнулмилалии ҷиҳодӣ, ки ҳадафи таъсиси Хилофати исломӣ дар Осиёи Марказиро ошкоро эълон карданд, имрӯз ҳам таҳти сарпарастии ҳукумати Толибон қарор доранд.
Аз ин рӯ, вуҷуд доштани созишномаҳои махфӣ миёни Толибон ва раҳбарони ин гурӯҳҳо дар бораи чӣ гуна ва кай оғоз кардани ғасби қаламрави кишварҳои ҳамсоя комилан имконпазир аст.
Ҳоло чунин ғасб ба Толибон ҳанӯз нафъе надорад, аз ин рӯ онҳо ба ҳампаймонҳои худ анҷоми амалиёти низомиро дар сарҳад манъ кардаанд. Аммо дар сурати тағйири вазъи геополитикии минтақа, стратегия ва равишҳои Толибон ва шарикон онҳо низ метавонад дигаргун шавад”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.