Фахриддин Ҳакимови 27-сола аз шаҳри Истаравшан дар даври 7-уми озмуни мусиқии «Ну-ка, все вместе!»-шабакаи телевизионии “Россия-1” аз 100 имтиёзи имконпазири ҳакамон 91 овозро соҳиб ва ғолиби ин марҳила, ба даври финалии озмун роҳ ёфт.

Таронаи Крис Де Бурга «Леди дождя» дар иҷрои Фахриддин Ҳакимов тамшобинон ва ҳайати ҳакамони озмунро таҳти роҳбарии овозхони маъруф Сергей Лазарев ба ваҷд овард.

“Натиҷаҳои аз ин хубтар ҳам буданд, лекин касеро чунин самимона пешвоз нагирифта буданд. Бо лаҳни форамат ҳамаро мафтун кардӣ”, - иброз доштааст ровии озмун, Ҳунарманди халқии Русия Николай Басков.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.