Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон аз риоя нашудани меъёрҳои қонун зимни ном гузоштан ба тифлони навзод нигаронӣ изҳор мекунад.

Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 430 муроҷиат дар ин маврид, ки номҳое чун Охун, Мурсал, Ёсин, Аврора, Шабоҳанг, Бибиҳамрохон, Амор, Эсмира, Амелия ва ғайра пешниҳод гардиданд, Кумита беш аз нисфашро баргардонидааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2017 ба қонун “Дар бораи бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид гардида, дар интихоби ном ба тифлон дар оилаҳои тоҷик маҳдудиятҳо ҷорӣ гардиданд.

Китобе чоп шуда буд, ки беш аз 4 ҳазор номро дар бар гирифта, боқимонда, ба ақидаи мутахассисони кумитаи забон, бо сабаби мутобиқат надоштан ба анъана ва забон хориҷ шуда буданд.

То нимаи солҳои 90-ум номҳо аз китоби “Шоҳнома” дар Тоҷикистон ба мӯд даромада буданд, акнун - аз китоби Қуръон.

Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), соли 2018 дар Тоҷикистон номҳои писандидатарин барои тифлони навзод номҳои арабӣ буданд, ки то ба даст овардани истиқлолияти кишвар, хеле кам ба мушоҳида мерасиданд.

Ҳамин тариқ, соли гузашта номҳои писандидатарин барои писарон Идрис, Имрон, Муҳаммад, Абӯбакр, Абдулло, Умар ва Юсуф дониста шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.