Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали атласу адрас ҷараён дорад. Тавре ки шуъбаи шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ навъҳои гуногуни сарулибоис миллӣ аз атласу адрас ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамчунин дар доираи фестивал намоиш-фурӯши матоъи миллӣ ва маснуот аз он, инчунин барномаи фарҳангиву фаоғатӣ бо таронаву рақс доир мегарданд.
Фестивали мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ баргузор мешавад.
Ҳунари атласу адрасбофӣ решаҳои амиқи қадима дорад. Кашфиётҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикони муосир ҳанӯз дар замонҳои пеш аз милод ба гулдӯзӣ ва эҷоди нақшҳо дар матоъҳо машғул буданд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон, анъанаи атлас ва адрасбофӣ дар моҳи декабри соли 2023 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил карда шуд.