Шарҳи рӯйдодҳои асосии ҳафтаи ахир дар арсаи байнулмилалӣ, ки барои Осиёи Марказӣ муҳиманд - аз даври нави бӯҳрон дар муносиботи Ғарб ва Русия, мушкили таҳримҳои дуюмдараҷа то лоиҳаҳои нави ҳукумати Толибон.
Чӣ гуна орзуҳои президент Лукашенко ҷомаи амал мепӯшанд
Ҳафтаи гузашта қазияи ҷойгиркунии силоҳи тактикии ҳастаӣ (ядроӣ) дар Беларус дар шакли як қатор изҳороти пурсарусадо, нашри матолиб дар ВАО ва баҳсҳои байналмилалӣ идома ёфт, ки муносибатҳои Русия ва “Ғарби дастаҷамъӣ”-ро бадтар кард.
Тавре ки “Мавҷи Олмон” менависад, рӯзи 25 март Владимир Путин, президенти Русия алайҳи кишварҳои ғарбии пуштибони Украина бо иттиҳомоти нав изҳори назар карда, эълом дошт, ки дар фурсатҳои наздик дар Беларус яроқи тактикии ҳастаиашро ҷойгир мекунад.
Ин тасмим дар саросаридунё вокуниши бузурге ба вуҷуд овард, зеро ҷойгиркунии аслиҳаи қатли ом дар қаламрави як давлати ғайриҳастаӣ дар тӯли 30 соли охир ва эҳтимолан ҳатто пас аз бӯҳрони ҳастаӣ дар ҳавзаи Кариб байни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) собиқа надоштааст.
Ҳафтаи равон президент Лукашенко зимни ироаи паём ба парлумон гуфт, ҳамеша орзу дошт, ки силоҳи ҳастаиро ба Беларус баргардонад (дар замони шӯравӣ дар Беларус силоҳи ҳастаии стратегӣ ва тактикӣ ҷойгир карда мешуд), аммо дар солҳои 90-ум, Лукашенкоро гӯё маҷбур кардаанд, ки аз он даст кашад.
Аз суханронии ӯ чунин бармеояд, ки баъди ҷойгир кардани яроқи тактикии ҳастаӣ қоидаи «тугмаи дугона» ҷорӣ карда мешавад, яъне дар бораи истифодаи он дар Минск ва Москва якҷоя қарор кабул мекунанд. Ин бархилофи ваъдаи аввалаи Владимир Путин аст, ки мақомоти Беларус назорати аслиҳаи ҳастаии ба кишвар интиқолшударо нахоҳанд дошт.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама дар кишварҳои ғарбӣ, тасмими Русия ба таври ҷиддӣ қабул ва ба сифати як қадами муҳим ба сӯи даври нави шиддатёбии вазъият арзёбӣ шуд.
Ба гузориши РБК, намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) ин тасмими Маскавро “талоши тарсондан” хонда, ба Русия барои “бемасъулиятона шиддат бахшидан ба вазъият” бо таҳримҳои нав (дар ҳоли ҳозир таҳия мешаванд) таҳдид карданд.
Дар ҳамин ҳол, Департаменти давлатии ИМА изҳор дошт, ки дар бораи омодагии Русия ба зарбаи ҳастаӣ маълумот надорад. Бо вуҷуди ин, РБК инчунин ба суханони Доналд Трамп, собиқ президенти ИМА истинод мекунад, ки тибқи он, агар Маскав нақшаи интиқоли силоҳи ҳастаиро амалӣ кунад, амрикоиҳоро лозим меояд, ки “танҳо ба Худованд такя кунанд”.
Силсилаи мусоҳибаҳо бо сиёсатшинос Юрий Филштинский дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии русзабон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, ки тибқи он Маскав гӯё мехоҳад дар аввали моҳи сентябр аз қаламрави Беларус ба Литва ва Лаҳистон зарбаи ҳастаӣ занад.
Байни сиёсатшиносони маъруфи Кремл гуфтаҳои Сергей Макаров бо мантиқи аҷибе фарқ мекард, ки дар канали онлайни ОСН чунин изҳори назар кард:
"Инсоният бояд аз Путин барои ҷойгир кардани силоҳи ҳастаӣ дар Беларус миннатдор бошад", зеро гӯё Русия барои нигоҳ доштани Ғарб ва умуман ҳама гуна унсурҳои бад як барномаи семоҳа дорад”.
Ва ниҳоят, собиқ президент ва сарвазири Русия Дмитрий Медведев ҳамаро бо гуфтаҳои худ дар ин маврид хушнуд кард. Ба ақидаи ӯ, тавре “Московский комсомолец” менависад, эътирози мухолифони истиқрори силоҳи тактикии ҳастаӣ ҷуз “сафсатаҳои апокалиптикии хуконаи пайравони Бандера” чизи дигаре нест ва агар Ғарб дар посух ногаҳон тасмим бигирад, ки силоҳи ҳастаии худро дар Украина ҷойгир кунад, Маскав бояд ба Киев зарбаи огоҳкунандаи ҳастаӣ занад.
Рӯзи 31 март Шӯрои Амнияти СММ, менависад сомонаи расмии ин созмон, ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард, ки бо назардошти "таҳдид ба сулҳу амнияти байналмилалӣ", комилан ба истиқрори силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави Беларус бахшида шуд.
Дар ин ҷаласа аксари маърӯзачиён раҳбарияти Русияро муътақид сохтанӣ буданд, ки тасмимашро тағйир бидиҳад, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.
Аммо нутқи намояндаи Чин хеле ғайричашмдошт буд. Ба гузориши хабаргузории Lenta.ru, вай гуфтааст, ки кишвараш комилан мухолифи интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба кишварҳои дигар аст, яъне Пекин ошкоро аз мавзеъгирии Маскав ҳимоят накард.
Ин гувоҳи он аст, ки тасмими Путин дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Беларус бо Си Ҷинпин дар музокироти ахири Маскав мувофиқа нашудааст - гузашта аз ин, ин тасмим мухолифи изҳороти муштараки Русияву Чин аст, ки пас аз музокирот имзо шуд.
Бинобар ин, бо гуфтаҳои намояндаи худ дар СММ, Чин аз амалкарди Маскав изҳори норозигӣ кард, вагарна намояндаи Чин метавонист дар ҷараёни мулоқот танҳо хомӯш бимонад ва ё изҳороти бетарафона кунад, чуноне ки чандин маротиба сурат гирифта буд.
Аз гуфтаҳои боло метавон ба чунин ду хулоса расид: бар асоси таҳлили матбуоти ғарбӣ ва изҳороти расмӣ, чунин ба назар мерасад, ки "ҷанҷоли ҳастаӣ"-и нав муносибати ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро нисбат ба низоъ дар Украина тағйир медиҳад ва на ба самте, ки Москва мехоҳад.
Яъне, акнун эҳтимол дорад, ки дар зери таҳдиди истифодаи силоҳи тактикии ҳастаӣ, "Ғарби дастаҷамъӣ" назар ба коҳиш, дастгирии худро аз Украина бо молия ва аслиҳаи муосир бо суръати тезтар зиёд кунад.
Коршиносони Бунёди Карнеги бар ин назаранд, ки дар чунин вазъ барои Беларус дигар аз ҷанги Украина канорагирӣ кардан ғайриимкон хоҳад буд. Воқеан, Беларус дар баробари Русия ва аввалин кишварҳои ИДМ дар назари Ғарб ба як иштирокчии мустақими низоъ табдил меёбад.
Ва то қадре ки муҳаррики бархӯрд чарх занаду ҷанг дар Украина ҳамон қадар тӯлонӣ давом кунад, барои дигар иттифоқчиён ва шарикони Русия дар СААД ва СҲШ дур мондан ва нигоҳ доштани бетарафӣ мушкилтар мешавад, ҳадди ақал аз лиҳози дастгирӣ (ё дастгирӣ накардан)-и таҳримҳои зидди Русия.
Таҳримҳои дуюмдараҷа барои Осиёи Марказӣ
Шурӯъ аз 28 март боздиди намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури таҳримҳо Дэвид О'Салливан аз Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Ба иттилои портали Манас, дар ин сафар Салливан нахуст аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва минбаъд аз Гурҷистону Арманистон боздид мекунад, то ки бо мақомоти ин кишварҳо дар мавриди эҳтимоли канорагирӣ аз таҳримҳо музокира кунад.
Дар изҳороти худ ҳангоми ворид шудан ба Бишкек, Салливан зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир Русия таҳти таҳримҳои бесобиқа қарор дорад, ки дар таърих қаблан ҷорӣ нашуда буд.
Бинобар ин, Иттиҳоди Аврупо нисбат ба он кишварҳо, корхонаҳо ва ширкатҳое, ки дар муомилаҳо барои канорагирӣ аз ин таҳримҳо ширкат мекунанд, таҳримҳои дуюмдараҷа ҷорӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки таҳримҳои дуюмдараҷа алайҳи он давлатҳо ё ширкатҳое ҷорӣ карда мешаванд, ки барои канорагирӣ аз онҳо ба давлат (шахсон, ширкатҳо)-и дар зери таҳримҳо қарордошта мусоидат мекунанд.
Дар ин маврид давлату ширкати таҳримҳоро риоянакарда амалан бо ҳамон шахсони зери таҳрим қарордошта (кишварҳо)-е, ки ӯ бо онҳо муомила кардааст, баробар карда мешавад.
Ба ибораи дигар, ба ин гуна «миёнаравон» метавонанд бо ҳамон тартиб ва оқибат, ки нисбат ба объекти асосии таҳримот амал мекунанд, таҳримҳо ҷорӣ кунанд.
Аз ин рӯ, чун қоида, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз таҳримҳои дуюмдараҷа бо ҳар роҳ канорагирӣ кунанд ва канорагирӣ аз онҳо барои тамоми кишварҳои эҳтимолии миёнарав кори душвор мегардад.
Дар робита ба ҳамла ба Украина Иттиҳоди Аврупо то ин дам нисбат ба Русия 10 бастаи таҳримҳо ҷорӣ кард.
Ҳоло бастаи 11 омода мешавад, ки ҳадафи он бастани тамоми роҳу воситаҳои имконпазире хоҳад буд, ки Маскав метавонад барои канорагирӣ аз таҳримҳои алайҳи худ, бахусус дар соҳаи энергетика, воридот/содироти молу технологияҳои дугуна истифода кунад.
Аз ин рӯ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ҳамаҷониба кӯшиш доранд, ки муттаҳидон ва шарикони Русия - дар ин ҳолат кишварҳои Осиёи Марказиро муътақид созанд, ки ба Маскав кӯмак накунанд.
Оқибатҳо метавонанд ногувор бошанд, масалан, Spot.uz аз ширкати чинии ZTF мисол меорад, ки зарараш аз таҳримҳои дуюмдараҷа тақрибан 1,5 млрд долларро ташкил додааст.
Таваҷҷӯҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ИА аз он сабаб аст, ки омори соли гузашта бозгӯи якбора боло рафтани ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳои минтақа (пеш аз ҳама аъзои ИИАО ва Ӯзбекистон) ва Русия аст.
Ба гуфтаи Салливан, афзоиши содирот аз ИА ба Қирғизистон дар як сол беш аз 300% ва молҳои ниёзи махсус 700%-ро ташкил додааст. Ва аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад бифаҳмад, ки оё ин молҳо ба минбаъд Русия рафта, ба он дар канорагирӣ аз таҳримҳо кӯмак мешавад.
Гузашта аз ин, ба навиштаи нашрияи Манас, танҳо дар як соли ахир Қирғизистон аз содироти дубора (реэскпорт)-и мол ба Русия ҳудуди 36 млрд сом даромад гирифтааст.
Дар пайи ин фишор аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Амрико, Қазоқистон ва Туркия дар соли ҷорӣ назорати шадидтари тиҷорат ба Русияро эълон карданд, ки аз ин Маскав хеле нороҳат шуд.
Ба ин тариқ, Қазоқистон аз 1 апрел ба пайгирӣ ва боздошти молҳое, ки ба Русия тавассути воридоти дубора (аз кишварҳои сеюм) фирстода мешаванд, оғоз мекунад.
Бино ба маълумоти Форбс, ба ин монанд низомро аз аввали моҳи март Туркия ҷорӣ карда, ваъда дод, ки ба содироти дубораи молҳои таҳримотӣ ба Русия роҳ намедиҳад.
Тавре ки Московская газета менависад, моҳҳои наздик низоми назорати роҳ надодан ба канорагирӣ аз таҳримҳо ба таври қобили мулоҳиза шадидтар мешавад. Алҳол, ба андешаи нашрия, Ғарб бузургтарин шарикони тиҷоратии Русияро интихоб ва бо онҳо ҷиддӣ кор мекунад.
Минбаъд ба дигар кишвар ва ширкатҳое, ки фаъолона бо Русия савдо мекунанд, низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад ва бешубҳа, ин ба Тоҷикистон ҳам дахл хоҳад дошт.
"Толибан" - самтгирӣ ба ҷиҳод
Независимая газета ҳафтаи гузашта аз қавли Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон навишт, ки ҳукумати ӯ ба ҷиҳоди ҷаҳонӣ самтгирӣ мекунад; ба ақидаи ӯ, таъсиси ҳокимияти Толибон дар Кобул дар соли 2021 танҳо марҳалаи аввал дар роҳи ҷиҳоди муваффақ аст – яъне дар бораи тавсеъа ба кишварҳои дигари минтақа ва таъсиси Хилофати ягона сухан меравад.
Ошкоргӯиҳои Ҳайбаттулоҳ аз он ҷиҳат арзишманданд, ки аслан барои доираи танги ҳамфикрон (дар мулоқот бо уламо дар Кобул) зикр шуда, дар он ҷо ба суханбозӣ ҳоҷат нест, аммо изҳори назар ба таври ошкоро мумкин аст.
Ба ибораи дигар, изҳороти раиси Толибон дар бораи ҷиҳод дидгоҳ ва ҷаҳонбинии воқеии ин ҷунбишро нишон медиҳанд, ки ҳангоми суханрониҳои оммавӣ ва мулоқотҳои дипломатӣ бо кишварҳои мададрасон ва ҳамсоягони минтақа онҳо дар ин бора хомӯширо авлотар медонанд.
Танҳо ба туфайли ба шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон роҳ ёфтани нуктаҳои асосии суханрониаш, нақшаҳои воқеии стратегӣ ва дарозмуддати Толибон ба ҷомеа ошкор шуданд.
Дар ҳамин ҳол, изҳороти Ҳайбатуллоҳ то ҷое шарикони хурди ӯро дар ҳукумат, ки ҳоло талош доранд паси парда бо кишварҳои ғарбӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ музокира кунанд ва ба ивази гузаштҳо дар риояи ҳуқуқи башар, эътирофи байналмиллалӣ бигиранд, ба ҳолати ногувор мегузорад.
Дар мақолаи “Независимая газета” ба сифати ин гуна музокирачиёни “муътадил” номҳои вазири мудофиа Мавлавӣ Яъқуб ва вазири корҳои дохилӣ Сироҷуддин Ҳаққонӣ зикр мешавад, ки на камтар аз пешвои худ тундгароянд.
Ба ин тариқ, Сироҷуддин Ҳаққонӣ роҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, созмони террористие мебошад, ки ба Ал-Қоида наздик аст.
Ҳаққонӣ масъули як қатор амалҳои теророристӣ аст, масалан таркиш дар чорроҳаи серодами Кобул дар соли 2017, ки бар асари он 159 нафар ҳалок шуда, 45 кас, аксарият шаҳрвандони қаторӣ захм бардоштанд.
Дар асл, дар сафи Толибон байни Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ ва Сироҷиддини Ҳаққонӣ, ки ҳарду дар мавриди ҳадафҳои стратегӣ ва ниҳоии ҳаракат назари якхела доранд, ихтилофи ҷиддии идеологӣ вуҷуд надорад.
Ин ҷо танҳо сари бархӯрдҳои гуногун ба стратегия метавонад сухан равад: амалгароён (прагматикҳо) метавонанд барои нигоҳ доштани ҳокимият аз гузаштҳои муваққатӣ гӯянд; “тундгароён” бошанд, бар ин назаранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди чанде бе ҳеҷ гузаште ҳам онҳоро эътироф мекунад.
Ба ибораи дигар, миёни “мӯътадилҳо” ва “тундгароён” танҳо дар мавриди тактика ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳо (ҷиҳоди ҷаҳонӣ) ихтилоф вуҷуд дорад, дар ҳоле ки заминаи идеологӣ бетағйир боқӣ монда, аксари раҳбарони Толибон ба ин ё он дараҷа аз он ҷонибдорӣ мекунанд.
Ин чунин маъно дорад, ки ҷунбиши Толибон дар аввал ба густариши беруна нигаронида шудааст, ба мисли дигар ҳаракатҳои худкома (тоталитарӣ).
Лоиҳаҳои бузурги “Толибон”
Ба навиштаи нашрияи Ритм Евразии, моҳи марти соли 2023 ба оғози лоиҳаи маъруф (мега-лоиҳа)- Толибон – сохтмони наҳр (канал)-и Қуштеппа дар шимоли Афғонистон як сол пур мешавад.
Дар ин робита чанде пеш муовини сарвазири Афғонистон Мулло Абдулғанӣ Бародар Охунд ҷиҳати санҷиши ҷараёни корҳои сохтмон ба вилояти Балх сафар кард.
Бо вуҷуди ҳамагӣ ҳудуди 2 млрд доллар доштан дар буҷет, пешвоёни толибон пас аз сари қудрат расидан, эълом доштанд, ки татбиқи лоиҳаи бузурги сохтмони наҳри масофааш қариб 400 км-ро оғоз мекунанд. Ин наҳр барои обёрии зиёда аз 500 ҳазор гектар замин дар се вилояти шимоли Афғонистон, бояд обро аз дарёи наздимарзии Амударё гирад.
То ин дам 100 км наҳр сохта шудааст, ки аллакай аз кайҳон дида мешавад.
Гап сари он аст, ки баъди анҷоми сохтмон дар соли 2028 Қуштеппа метавонад сеяки маҷрои дарёи Амударёро бигирад, ки ин барои кишварҳои ҳамсоя мушкилоти ҷиддӣ шуда метавонад, пеш аз ҳама барои Ӯзбекистону Туркманистон, ки аллакай ҳозир аз камбуди об барои обёрӣ азият мекашанд.
Масъалаи дигар ин аст, ки чаро дар кишваре, ки дар авҷи бӯҳрони молиявӣ ва башардӯстона қарор дорад, чунин тарҳи гаронарзиш ва дарозмуддат лозим аст?
Дар ин ҷо метавон якчанд фарзияҳоро баён кард.
Аввалан, Толибон ба таври возеҳ дар рушди иқтисод ва маъруфият дар дохили кишвар - бахусус дар вилоятҳои шимолӣ комёб нестанд. Татбиқи чунин як лоиҳаи азим метавонад обрӯи Толибонро дар миёни аҳолӣ боло барад, салоҳият ва устувории ҳаракатро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ исбот кунад.
Сониян, чунин лоиҳаи бузург роҳи хуби раҳоӣ ба назар мерасад, вақте шумо воқеан намедонед ва намефаҳмед, ки бо иқтисод ва бӯҳрони башардӯстона чӣ мебояд кард. Аз ин рӯ, ҳамаи ҳукуматҳои нави худкома одатан фаъолияти худро бо лоиҳаҳои бузург оғоз мекунанд, ки осонтарин ва комилтарин роҳи ҳалли ҳама мушкилот ба назар мерасанд.
Ба охир расидани сохтмони наҳр метавонад мушкили норасоии ғизоро ҳал карда, шиддати иҷтимоӣ ва камбуди заминро дар кишвар коҳиш диҳад, ки ин ба Толибон низ барои мустаҳкам намудани ҳукмронии худ кумак мекунад.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки бисьёр чиз ба он вобаста аст, ки замину об чӣ тавр ва байни киҳо тақсим карда мешавад. Вобаста ба он, ки замин ва оби обёрӣ то чӣ андоза одилона тақсим карда мешавад, сатҳи муноқиша метавонад коҳиш ёбад ё баръакс, танҳо зиёд шавад.
Вобаста ба ин, метавон ёдовар шуд, ки баъди сари қудрат омадан ҳаракат ба таҷрибаи кӯчонидани оммавии аҳолӣ шурӯъ кард. Аз ҷумла, сухан дар бораи ҳолатҳои кӯчонидани паштунҳо ба шимоли Афғонистон меравад, то ки дар минтақа тавозуни қавмӣ тағйир ёфта, барои сохти нав дар он ҷо заминаи мустаҳками иҷтимоӣ эҷод шавад.
Дар ин робита соли гузашта нашрияи “Независимая газета” хабар дод, ки дар вилояти шимоли Тахор Толибон як маъракаи аз Покистон ба музофоти Хоҷаи Баҳоваддин кӯчонидани нахустин гурӯҳи бузурги паштунҳои Вазиристон (тибқи манобеъи дигар, бодиянишинони мардуми Кучӣ)-ро гузаронида, тоҷикони пеш дар ин ҷо иқоматдоштаро ронданд.
Тайи ду соли ахир дар минтақаи Панҷшер низ толибон чунин поккориҳои этникӣ гузаронида, даҳҳо оилаҳои тоҷикони Панҷшерро аз хонаҳояшон ронданд ва маҷбур карданд, ки ба дигар ҷойҳо кӯчбандӣ кунанд.
Сохтмони канали Қуштеппа метавонад як ҷузъи стратегияи умумии Толибон барои кӯчонидани оммавии аҳолӣ, поксозии этникӣ ва тағйири таркиби этникии аҳолии музофотҳое бошад, ки дар он ҷойҳо муқовимат идома дорад.
Аз ин лиҳоз, ҳам паштунҳо ва ҳам мардуми кӯҳистони Панҷшер, Бадахшон ва Бағлонро, ки дар ин ҷойҳо сатҳи норозигӣ ва ҳаракати чирикӣ (партизанӣ) баланд аст, ба заминҳои нав кӯчонидан имкон дорад.
Ба ин тариқ, охири соли 2022 коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар мақолааш дар ҳамон "Независимая газета" навишта буд, ки аз нимаи аввали соли 2023 “Толибон” дар нақша доранд, ки поккориҳои пешакии этникии бузургмиқёсро гузаронанд, ки бояд таркиби миллии минтақаи Панҷшерро пурра тағйир бидиҳанд.
Ба ҷойи тоҷикон ба минтақа бояд паштунҳо-кӯчиҳо ва оилаҳои ҷангиён аз дигар кишвар ва минтақаҳо кӯчонида шаванд.
Ба ин тариқ, ба таъкиди нашрия, раҳбарияти Толибони Афғонистон ният доранд дар вилояти Панҷшер, дар шимоли ин кишвар як "мамнӯъгоҳи терроризм" таъсис диҳанд, ки дар он бештари гурӯҳҳои ҷиҳодии хориҷии ҳоли ҳозир дар Афғонистон қарордошта ҷойгир шаванд.