Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи ташкил додани намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расонид. Аз дафтари матбуотии агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мувофиқи фармон, намояндагии агентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барҳам дода шуда, дар заминаи он намояндагии агентӣ дар шаҳри Оши Қирғизистон ташкил мегардад. «Такрорӣ будани фаъолияти намояндаи мухтори (афсари соҳаи алоқа) Тоҷикистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар шаҳри Алма-Ато ба барҳам додани намояндагии агентӣ дар Қазоқистон асос шудааст», - таъкид кард манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Қазоқистон моҳи октябри соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки он ба баргузории як қатор амалиёти муваффақона бобати барҳам додани хатҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Қазоқистон, Русия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо мусоидат кардааст. Ёдовар мешавем, ки афсарони соҳаи алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҳамчунин дар 4 музофоти сарҳадии Афғонистон (Бадахшон, Қундуз, Балх ва Таҳор) низ фаъолият мекунанд.
Радио эфир



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста