Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми март дар муроҷиатномаи худ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирии паҳншавии COVID-2019 аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд. 

“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимоли сироятёбӣ ва паҳн шудани бемории коронавирус, аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, - таъкид шудааст дар муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
“Тасмиме, ки имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи худдорӣ кардан аз хондани намоз дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, бо иттифоқи овоздиҳии худи Шӯрои уламо ва бо пеш омадани зарурате, ки имрӯз ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, барои беҳбудӣ ва пешгирии хатар ин тасмимро гирифтанд”, - гуфт ба хабарнигорон Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон.

Вай афзуд: “Ин вирус зиёда аз 70 кишвари оламро фаро гирифтааст. Албатта, дар кишвари мо ин ба қайд гирифта нашудааст. Ба хотири пешгирӣ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин тасмимро гирифтааст. Баъди хондани муроҷиатнома ба овоз монда шуд ва ҳамаи аъзои Шӯрои уламо якдилона инро дастгирӣ карданд ва қабул намуданд”.

“Намози ҷанозаро метавонанд дастаҷамъона дар дилхоҳ масҷид – хоҳ ҷомеъ бошад, хоҳ панҷвақта, адо намоянд. Фақат аз хондани намозҳои ҷумъа дар масҷидҳои ҷомеъ муваққатан худдорӣ шудааст”, - изҳор дошт Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3609 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 1 Маркази исломӣ, инчунин 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, 4054 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. 
1/3

Муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамватанони азиз!

Муддати зиёда аз ду моҳ мешавад, ки ҷаҳони имрӯзро зуҳури вируси Covid-19 бо номи Коронавирус ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, то 2-юми март шумораи гирифторон аз марзи 90 ҳазор нафар гузашт, ки беш аз 80 ҳазори онҳо дар Чин ҳастанд.

Тибқи гузориши манбаъҳои иттилоотии байналмилалӣ, ин беморӣ ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳоли паҳн шудан аст ва талафоти инсониву иқтисодӣ дар пай дорад. Рӯзҳои ахир мавридҳои сироят шудан ба ин беморӣ дар бисёре аз кишварҳо ба назар расидааст.

Инсоният дар тӯли таърихи зиндагӣ чунин фоҷеаҳо ва офатҳоро борҳо аз сар гузаронидааст. Шариати Ислом дар чунин ҳолатҳо ба мардум тавсияҳои мушаххас додааст. Аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо хориҷ нашавед”. (Ба ривояти Бухорӣ).

Ҳаёти инсон дар Ислом баҳои хеле баланд дорад: он ҳадяи Аллоҳ ба шумор меравад. Имрӯзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти Ислом, мусулмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд, карда метавонанд. Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Масалан, Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад” (Ба ривояти Муслим).

Раёсати Шӯрои уламо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Ин тавсияҳо дар фармудаҳои Расули Худо (с) борҳо таъкид шудааст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки аз суннатҳои завоид (яъне иловагӣ) “таҳорат пеш аз таом ва баъд аз таом аст”. Яъне таҳорати пеш аз таом ва баъд аз он иборат аз се бор шустани дастҳо, ғарғара кардани даҳон ва афшондани бинӣ мебошад, бо назардошти мавқеъ ва шароит, то ки малоли дигарон нашавад.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ муроҷиат менамояд, ки шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, аз рӯйи масъулияти имондорӣ фавран ба табиб муроҷиат намуда, то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд. Илова бар ин, барои сироят нашудани дигарон аз васоили санитарӣ истифода баранд. Шахсоне, ки ба ягон беморӣ гирифтор шуда бошанд, онро пинҳон накунанд, зеро мусулмон набояд ба худаш ва дигарон зарар расонад, агар бемориашро пӯшида медорад ва ба табиб муроҷиат намекунад, пас муолиҷа карда намешавад ва ба худ зарар мерасонад ва аз сабаби он ки ин беморӣ сирояткунанда аст, пас ба дигарон зарар мерасонад.

Чунонки ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, боре ӯ ба амаки худ ҳазрати Аббос (р) чунин фармуданд: “Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун” (Ривояти Тирмизӣ).

Имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ тадбирҳои фарогир андешида шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти фикру мулоҳизаҳои баёнгардида ва натиҷагирӣ аз тавсия ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони дин ва ҳайати муассисони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳои кишвар муроҷиат менамояд:

Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад.

Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.