Вазорати дифои Тоҷикистон бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ хабар дод, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.
Ин ниҳод гуфт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давоми як моҳ нақшаи давъати ҳарбиро 77 дарсад, вилояти Хатлон 70 дарсад, вилояти Суғд 60 дарсад ва шаҳри Душанбе 80 дарсад иҷро кардаанд.
ВМКБ дар рӯзи якуми давъати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро карда буд.
Қаблан, ин ниҳод гуфта буд, ки то 20-уми котябр зиёда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбиро 100 дарсад иҷро намудаанд.
“Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба итмом расонидаанд”, - гуфтааст Вазорати дифоъ.
Қаблан, вазорати дифоъ хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи ҷараёни давъати ҳарбӣ нақша беш аз 50 дарсад ва дар 20 рӯзи маъракаи даъват нақша 62 дарсад иҷро шудааст.
Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.
То 70 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.
Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Зимнан бо шурӯъи маъаракаи даъвати ҳарбӣ шеваҳои нави “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш мӯд мешавад. Аз ҷумла, Радиои Озодӣ имсол аз шеваи нави даъват хабар додааст, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён рух додааст.
Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста