Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2023 аз 20 то 25 дарсад боло меравад.
Президент афзуд, ки аз 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 дарсад ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо низ 20 дарсад зиёд карда мешавад.
“Ҳамчунин, аз 1-уми июли 2023 нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 дарсад ва ҳамчунин нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, на кам аз 16 дарсад зиёд мешавад. Дигар нафақаҳо низ 20 дарсад зиёд карда шавад”,- гуфт роҳбари давлат.
"Соҳибкорон 52 дидбонгоҳи марзӣ месозанд"
Раисҷумҳури кишвар ба дигар самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷӣ низ ишора карда, аз ташаббускории соҳибкорони тоҷик барои сохтмони иншооти маишиву иҷтимоӣ тавсиф кард ва гуфт, аз сӯи соҳибкорони кишвар беш аз 50 дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда истодаанд.
Ӯ гуфт, вақте суҳбатҳояшро дар мавриди зарурати ҳифзи марзи Тоҷикистон шуниданд, соҳибкорон худашон барои бунёди иншооти низомӣ ташаббус нишон доданд.
"Дар маҷмуъ зиёда аз 52 дидбонгоҳ месозанд. Худашон шуруъ карданд, ман аз ягон кас талаб накардам", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, то ҳол ба соҳибкорон 120 намуди имтиёзу кӯмакҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шудааст.
Ба таъкиди вай, ҳоло шумораи субъектҳои бақайдгирӣ аз 4 ба 1 адад кам гардида, хизматрасониҳои бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
“Маблағи умумии ин имтиёзу сабукиҳо 12 млрд сомониро ташкил додааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
"Теъдоди иҷозатномаҳо кам карда шавад"
Сарвари давлат пешниҳод кард, ки низоми иҷозатномадиҳӣ такмил дода, шумораи иҷозатномаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 60 дарсад кам карда шавад.
Президент аз мақомоти маҳаллӣ, ки бо ғаразҳои зархаридӣ бо ҷудо кардани замин ба соҳибкорон барои бунёди иншооти иҷтимоӣ “резина” кашидаанд, интиқод кард.
"Баъзе муассисаҳо ҳуҷҷатгузории ҷудо кардани заминро барои соҳибкорон ба таъхир андохтанд. Мушкилӣ пеш оварданд. Манфиати шахсии худро болотар гузоштанд. Вақти он расидааст, ки ба ин хотима дода шавад. Чӣ онҳо (соҳибкорон) қарздоранд? Ҳамкорӣ кардан даркор. Системаи бюрократияро аз байн бурдан даркор аст”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Бахши маориф
Раисҷумҳур иттилоъ дод, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои 1, 5 млн хонанда бунёд карда шуд.
Б гуфтаи ӯ, дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Тибқи иттилои президенти кишвар ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар 2 млн 300 ҳазор хонанда таҳсил менамояд.
“Дар соли 1991 дар кишвар 1 млн 300 ҳазор нафар мактабхон доштем”, - гуфт сарвари дивлат.
Таваррум 4,2 дарсад
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод ва ин яке аз беҳтарин нишондодҳо дар кишварҳои ИДМ мебошад.
“То охири сол барои 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохт карда мешавад. Бо ин мақсад аз буҷаи кишвар 285 млн сомонӣ равона карда шудааст”, - зикр кард роҳбари давлат.
Бунёди 30 парки технологӣ
Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар солҳои наздик дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 30 парки технологӣ бунёд кунанд.
“Соли 1991 дар Тоҷикистон 359 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият доштанд. Дар соли 2022 шумори корхонаҳои саноатӣ ба 2,5 ҳазор ва ҷойҳои корӣ ба 85 ҳазор расид”, - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли нерӯи барқи сабз ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон мақоми 6-умро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон 98 дарсад нерӯи барқи сабз истеҳсол карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ба вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дода шуд, ки истеҳсоли мошинҳои барқиро ба роҳ монад.
"Ҳар вақте ман ба шаҳри Бохтар меравам, маро махсусан ба кӯчае мебаранд, ки ман дар корхонаи он кор кардаам. Вале ҳоло валангор аст. Масъулин бояд фикр кунед, ҳаддиақал ба шарофати президент, ки фаъолияти меҳнатиашро аз инҷо оғоз кардааст, обод кунед. Он қадар хароҷоти зиёд надорад. Агар се корхонаи истеҳсоли равғане, ки ишора крадам, барқаор кунем, 70 дарсади талаботи бозори истеъмолиро таъмин мекунем”, афзуд вай.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ҳоло мо бозори истеъмолии худро бо равғани растанӣ ҳамагӣ 20% таъмин мекунад.
"Ба НБО Роғун коргар намерасад"
Ӯ афзуд, барои бунёди НБО “Роғун” дар соли 2022 3,2 млрд сомонӣ равона карда шуд. Дар ин нерӯгоҳ бояд атрофи 20 ҳазор коргар фаъолият намоянд, аммо коргар намерасад.
Баъди Бунёди НБО Роғун умри НБО Норак як баробар зиёд мешавад. Баъди тармим истеҳсоли қувваи барқ дар НБО Норак 775 мегаВатт зиёд мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то соли 2025 талафоти нерӯи барқ аз 20%-и феълӣ то 9% кам карда шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 3,2 миллиард сомонӣ (315 миллион доллар) ҷудо карда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки аз 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон пардохти ҳама намуди андозҳо, боҷҳои гумрукӣ, суғуртаҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои комуналӣ ва ғайра ба шакли ғайринақдӣ пардохт карда шавад.
Ӯ гуфт, барои кам кардани омилҳои инсонӣ дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дар кишвар “Махзани ягони маълумот барои хизматрасонии рақамӣ” таъсис дод шавад.
Нигаронӣ аз арзиши Интернет
Эмомалӣ Раҳмон аз суръат ва арзиши Интернет дар кишвар нигаронӣ кард ва гуфт, он қаноаткунанда нест.
Президенти ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои баланд бардоштани сифат ва арзон кардани арзиши алоқаи мобилӣ ва интернети баландсуръат ба шаҳру навоҳии кишвар, махсусан ба шаҳру ноҳиҳяои дурдаст чораҳои муассир андешанд.
Раисҷумҳури аз масъулини соҳа, махсусан хадамоти алоқа талаб крад, ки бо ишора ба пешравиву таҳавулоти ҷаҳон дар соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар таҳрир нав таҳия ва пешниҳод шавад.
“Сайёҳон ба куҷо мераванд? Ба он кишваре, ки суръати баланди Интернет дорад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста