Пагоҳ, 23-юми июл, Ухнаагийн Хурэлсух, президенти Муғулистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва сафари давлатӣ ба Душанбе меояд ва 4 рӯз, то 26-уми июл боқӣ мемонад. Муайян намудем, ки дар доираи ин сафар кадом чорабиниҳо доир мегарданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафари Ухнаагийн Хурэлсух мулоқоти дуҷонибаи раисҷумҳурони ду кишвар дар назар буда, интизор меравад, ки як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.
Форуми иқтисодӣ ва барномаи фарҳангӣ
Рӯзи 24-уми июл, соати 14:00 дар меҳмонхнаи Hyatt Regency дар Душанбе Форуми иқтисодии Тоҷикистону Муғулистон баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, дар доираи сафари раисҷумҳури Муғулистон намояндагони тақрибан 60 ширкати бонуфузи ин кишвар низ ба Тоҷикистон меоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар Форуми мазкур сармоягузорони ду кишвар ва намояндагони мақомоти марбута ширкат варзида, мулоқот анҷом медиҳанд.
Ҳадафи форум таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, густариши равобити тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок гуфта мешавад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш имконоти сармоягузории ду давлат муаррифӣ гардида, дар қисмати асосӣ гуфтугӯи мустақими соҳибкорон дар шакли B2B баргузор шавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар зарфи 5 моҳи соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, аз Вазорати фарҳанг гуфтанд, дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Муғулистон баргузор мешавад, ки дар доираи он намоиши ҳунарҳои мардумии Муғулистон ва барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ин кишвар дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 24-уми июл дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангии ҳунармандони Муғулистон доир мегардад. Манбаъ мегӯяд, қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки аҳли ҳунари кишвари Муғулистон рӯзҳои баъдӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар боздид мекунанд.
Роҳҳои Душанбе давоми се рӯз баста мешаванд
Ба иттилои пулиси пойтахт, давоми се рӯзи оянда роҳҳои мошингарди чанд кӯчаву хиёбонҳои Душанбе баста мешаванд. Гарчанде мақомот сабаби маҳдудият дар роҳҳои пойтахтро шарҳ надодааст, ба эҳтимоли зиёд, он ба сафари давлатии раисҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон рабт дорад.
Пулиси пойтахт гуфтааст, пагоҳ, 23-юми июл, аз соати 18:00 то соати 22:00 ҳаракати мошинҳо тавассути кӯчаҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегарданд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 24-уми июл роҳҳои мошингарди хиёбонҳои Рӯдакиву Сомонӣ ва кӯчаҳои Теҳрону Шероз баста мешаванд.
Рӯзи 25-уми июл бошад маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои мошингарди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи С.Айнӣ ба самти ш.Ваҳдат маҳдуд шуда, бегоҳи ҳамин рӯз роҳҳои хиёбони Рӯдакӣ, аз дидбонгоҳи “Чорбоғ” ба самти ноҳияи Варзоб дар соатҳои гуногун баста мешаванд.
Пулис аз ронандагон хостааст, ки дар ин аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода карда, аз таваққуфи бемаврид дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ кунанд.
Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафари давлатии Ухнаагийн Хурэлсух, президенти Муғулистон дар кишвари мо рӯзи 26-уми июл ба анҷом мерасад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста