Тайи 8 соли ахир бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуда, Тоҷикистон минбаъд низ ният дорад, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмонро зиёдтар кунад.
Агар соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 195 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда бошад, пас соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли он ба беш аз 2 млн. тонна расид, ки ҳаҷми рекордӣ дар таърихи кишвар аст. Феълан дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 4,7 млн. тонна длар як сол фаъолият доранд.
Айни замон Тоҷикистон талаботи худро ба семент пурра қонеъ сохта, содироти онро ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мондаааст ва дар 2 моҳи соли равон беш аз 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба хориҷи кишвар фиристода шудааст.
Аз ин дастовардҳо на ҳама хушнуданд. Экологи мустақил бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.
«Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 90%-и шаҳрҳои Чин таркиби маводи зараровар дар ҳаво аз меъёр зиёд буда, соҳибкорони Чинро ба дарёфти кишвари дорои шароити мусоид барои тиҷорати онҳо маҷбур кардаанд ва барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои «мусоид» интихоб шудааст, зеро ин ҷо ба ин масолеҳи сохтмон зиёд ниёз доранд, - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон қувваи кории арзон вуҷуд дорад, ки ин ҳам барои сармоягузорони Чин қобили қабул аст».
Коршинос бо таассуф зикр кард, ки «возеҳ ба назар мерасад, ки дар бораи оқибатҳои хеле зиёновари тиҷорати семент дар Тоҷикистон касеро коре нест».
Қаблан тирамоҳи соли гузашта коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.
Дар бораи тағйири ҷараёни партови маводи зараровар аз ҷониби корхонаҳои саноатии танҳо шаҳри Душанбе нигаред ба инфографикаи портали экологии «Ливень».