Тайи шабонарӯзи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба сомонӣ боз 2,4% - аз 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл то 144 сомонӣ поин рафт.
Қурби доллар ва евро нисбати сомонӣ қариб бетағйир боқӣ мемонанд: 1 доллар 10,21 сомонӣ ва 1 евро - 10,59 сомонӣ нарх доранд.
Ба ин тариқ, рубл нисбати сомонӣ аз оғози ҳафтаи равон қариб 8% ва аз аввали моҳи декбар - 11,7% беқурб шуд.
Коҳиши қурби рубл дар ҳошияи беқурбшавии асъори Русия нисбат ба асъори асосии ҷаҳон сурат мегирад. Қурби доллар дар Биржаи Маскав имрӯз 71 рубл ва евро - 76 рублро ташкил медиҳад.
Коршиносони Русия сабаби коҳиши рублро ба таҳримҳо, камшавии воридоти асъор аз содирот ва барқарор шудани воридот нисбат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ ба даромади оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Интиқоли маблағ бо рубл дар нуқтаҳои бонкии Тоҷикистон аз соли 2016 тибқи дастури Бонки миллӣ танҳо бо пули миллӣ ва мубодилаи он бо сомонӣ замони гирифтан дода мешаванд.
Агар дар охири моҳи ноябр оилаҳои муҳоҷирон барои 1000 рубл 163 сомонӣ мегирифтанд, пас имрӯз он ба 144 сомонӣ баробар шуд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% - бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.
Маълумот дар бораи интиқоли маблағ дар соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки марказии Русия нашр намешавад.
Нархи “утилизатсия” танҳо барои мошинҳои воридшаванда боло меравад
Рӯзи матбуоти тоҷик. Имсол ба 9 нафар ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ тақдим гардид
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста