Бонкҳои марказии ҷаҳон дар соли 2022 1 ҳазору 136 тонна тилло хариданд, ки нишондиҳандаи аз ҳама баландтарин аз соли 1967 мебошад, зикр мегардад дар гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council, WGC) “Тамоилҳои талабот ба тилло дар соли 2022”.

Сабабҳои асосии афзоиши рекордии талабот ба тиллоро дар соли гузашта муаллифони гузориш “номуайянии геополитикӣ ва таварруми баланд” номидаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки харидорони нисбатан фаъоли тилло дар соли 2022 кишгварҳои Шарқи Наздик будаанд: Миср (47 тонна), Қатар (35 тонна), Ироқ (34 тонна), Амороти Муттаҳидаи Араб (25 тонна) ва Уммон (2 тонна). Ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ низ талаботи зиёд ба тилло ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, Бонки марказии Ӯзбекистон дар ин давра 34 тонна, Қирғизистон - 6 тонна ва Тоҷикистон - 4 тонна тилло харидаанд.

Қаблан Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистонро то аввали семоҳаи дуюми соли 2022 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар арзёбӣ карда буд.

Кишвари дорои захираҳои бештари тилло миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон - 368,12 тонна номбар шуда буд. Захираҳои Ӯзбекистон 337,47 тонна ва Қирғизистон - 10,19 тонна арзёбӣ гардида буд.

Дар панҷгонаи кишварҳои пешсаф дар ин самт ИМА (зиёда аз 8,1 ҳазор тонна), Олмон ( 3,4 ҳазор тонна), Италия (2,5 ҳазор тонна), Фаронса (2,4 ҳазор тонна) ва Русия (2,3 ҳазор тонна) қарор доранд.

То оғози нимсолаи дуюми соли 2022 захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 8,1 моҳ барои рӯйпӯши воридоти кишварро ташкил доданд. Ҳаҷми моҳонаи воридоти кишвар дар моҳҳои январ-июни ҳамон сол ба ҳисоби миёна 358 долларро ташкил дод.

Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар бораи тилло ба намояндагони ВАО ҳеҷ гуна маълумот намедиҳанд ва ин чунин шарҳ дода мешавад, ки ин гуна маълумот махфӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.