Ширкатҳои “Металлҳои Нодири Тоҷикистон” (“ТоҷикРедМет”) ва “Казатомпром” дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди уран ва металлҳои нодир ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Ин ёддошт 22-юми августи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Казатомпром”.
Ёддошти мазкур шарикии стратегӣ дар соҳаи кӯҳкании ҳарду кишварро пешбинӣ мекунад. Ширкатҳо ният доранд якҷоя ба иҷрои якчанд ташаббус, аз ҷумла ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди уран ва дигар металлҳои нодир, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳо машғул шаванд.
“Ҳарчанд дар бораи натиҷаҳои мушаххас сӯҳбат кардан барвақт аст, аммо мо ба лоиҳаҳои ояндадори муштарак дар соҳаи уран, инчунин металлҳои нодир тамаркуз кардаем, ки метавонанд ҳам барои Қазоқистон ва ҳам ба Тоҷикистон нафъи назаррас оваранд", - гуфт Меиржан Юсупов, раиси Шӯрои мудирони “Казатомпром”.
Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик намояндагони ширкати “ТоҷикРедМет” бо сафари ҷавобӣ ба Қазоқистон мераванд, то бо иқтидорҳои истеҳсолии “Казатомпром” шинос шуда, имконияти ҳамкориҳои минбаъдаро ба таври муфассал арзёбӣ кунанд.
“Казатомпром” бузургтарин истеҳсолкунандаи уран дар ҷаҳон мебошад. Дар соли 2023, ба ҳиссаи ин ширкат тақрибан 20% аз истихроҷи урани табиии ҷаҳон рост меомад. “Казатомпром” якҷо бо корхонаҳои фаръӣ ва созмонҳои муштараки худ 26 кони уранро, ки ба 14 корхонаи истихроҷи уран дохил мешаванд, коркард мекунад. Ҳамаи онҳо дар ҳудуди Қазоқистон ҷойгиранд. Зикр мешавад, ки дар раванди истихроҷи уран онҳо аз технологияҳои навин истифода мебаранд ва ба воситаҳои назорати ҳифзи саломатӣ, бехатарии саноатӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.
"ТоҷРедмет" як корхонаи воҳиди давлатӣ буда, тамоми партовгоҳҳои сангҳои саноати урани Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Ин корхона тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мебошад.