Ду тарма дар маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғ 6 манзили истиқоматӣ ва 2 мошинсароро зер карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба мақомоти ВМКБ, тармафароӣ соати 12-и шаби 27 ба 28-уми март рух додааст.

Масъулин гуфтаанд, ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, зеро сокинони ин хонаҳо қаблан ба ҷои амн кӯчонида шуданд.

Гуфта мешавад, феълан комиссияи махсус хисороти офати табииро муайян ва ба зарардидагон кӯмак расонда хоҳад шуд.