Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми рӯзи 6 декабр дар нақби «Шаҳристон», воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд рух дод, 2 нафар ҳалок ва 3 кас бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел Астра» таҳти идораи сокини 47-солаи ноҳияи Айнӣ Шамсималик Умаров дар дохили нақб ба автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» бармехӯрад, ки дар дохили нақби мазкур дар ҳолати корношоям қарор доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёт ду нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел Астра» ҳалок шуда, ронанда ва боз ду мусофири дигари он дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.