Шаби 8-9-уми декабр соли равон дар маҳаллаи Шӯрқӯрғони деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи шаҳри Конибодом ҷасади 6 узви як оила, аз ҷумла 4 кӯдак дарёфт гардидаст. Мақомот ҳодисаро расман шарҳ намедиҳанд ва наздикону пайвандони оилаи кушташуда ҳам бо расонаҳо суҳбат намекунанд.
Ҳамаи кушташудаҳо узви хонадони Неъматовҳо, сокинони маҳаллаи Шӯрқӯрғони деҳаи Шӯробқалъаи шаҳр мебошанд. Ҷасади сардори оила Неъматов Наимҷон Норматовичи 37-сола дар рӯи ҳавлӣ дар дарахт овезон пайдо шудаааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар сару рӯйи Неъматов Наимҷон осори зарбу лат дида мешуд.
Ҷасади аъзои дигари оила, аз ҷумла, ҳамсараш Неъматова Нафиса Набиевнаи 33-сола, фарзандонаш Неъматова Аминаи 13-сола, Фотима ва Зуҳро Неъматоваҳои 10-сола ва Муҳаммадюсуф Неъматови 2-сола дар рӯи хона бо “нишонаҳои буғӣ кардан” дарёфт шудааст.
Маълум нест, ки ин кори дасти кӣ аст. Мақомот масъаларо шарҳ намедиҳанд. Наздикони оила ҳам аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” субҳи имрӯз, 9-уми декабр, барои дарёфти иттилои бештар ва шарҳи мақомот дар робита ба ҳодиса ба хонаи Наимҷон Неъматови марҳум ба деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи шаҳри Конибодом рафт.
Дари хонаи ҳалокшудагон баста буд. Танҳо дар рӯи ҳавлӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наздикони Нафиса Неъматова, зани кушташуда интизори хабар аз омилони куштор буданд.
Ширинҷон Эгамбердиева, яке аз назидкони Нафиса Неъматова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки субҳи имрӯз, 9-уми декабр аз ҳодиса хабар ёфт. Ӯ гуфт, ҳоло ҷасади Нафиса Неъматова, шавҳараш ва фарзандонашро барои ташхсиси тиббӣ ба шаҳри Хуҷанд бурдаанд.
Эгамбердиева гуфт, оилаи Неъматовҳо аз ҳисоби муҳоҷират зиндагиашонро пеш мебурданд ва худи Наимҷон Неъматов шаҳрвандии Русияро ҳам дошт.
Вале омаду рафти хешовандон ба манзили якдигар зоҳиран кам сурат мегирифт. Ин хешованди Нафиса Неъматова охирон маротиба ҷиянҳои худро фасли баҳор дида будаанд.
Ширинҷон Эгамбердиева дар робита ба ҳодиса дигар маълумот надод ва ҳамчунин намедонад, ки ин кору дасти кист.
“Азия-Плюс” барои дарёфти иттилои расмӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом тариқи телефон муроҷиат кард. Навбатдори ин ниҳод, ки нахост худро муаррифӣ кунад, гуфт, “ин ҳодисаи ҳангома аст, асоси воқеӣ надорад”.
Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд касе ба зангҳои мо посух надод.
Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ як паёми матнӣ мечархад, ки дар он оид ба куштори оилаи Неъматовҳо дар шаҳри Конибодом маълумот дода мешавад.
Дар асоси ин матн, “тахминан соати 21:00 шаби 8-уми декабр соли 2024 ба қисми навбатдории ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом хабари телефонӣ оид ба ҳолати дарёфти ҷасади оилаи Неъматовҳо аз дохили манзили истиқоматишон аз маҳаллаи Шурқурғони ҷамоати Фирузобаи шаҳри Конибодом ворид гардидааст”.
Дар идома гуфта мешавад, ки “зимни азназаргузаронии манзили зисти номбурдагон ҷасади 6 узви оилаи Неъматовҳо дарёфт карда шудааст, ки падари хонавода “бо роҳи худовезӣ” дарёфт шуда, ҷасади дигар аъзи оила “бо роҳи буғикардан” дарёфт гардид.
“Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса ГФТ (гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ. -Аз идора) қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда шуда истодааст”, - омадааст дар паём.
Услуби навишти паём ба иттилое, ки маъмулан аз мақомот интишор мешавад, монанд аст.
Кушторҳои пурасрор дар Конибодом, ки мардумро дар ҳарос нигоҳ дошт
Дарёфти ҷасади 6 узви як оила дар ҳолест, ки баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расида буд, ки ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор дод. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гуштугузори онҳо низ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Он замон низ дар рӯзҳои аввал мақомот ҳодисаи куштори оилаҳоро шарҳ намедоданд.
Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.
“Аз 3-4 кушторе, ки дар шаҳри Конибодом содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор шудааст. 2 ҳолати куштор ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад. Ин кушторҳо дар оилаи Умаровҳо ва Шариповҳо рух додааст. Ин доираи оила аст ва аллакай, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”, - гуфт Аламшозода.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста