Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон ва хушунат алайҳи кӯдаконро сахттар карда, ҳаҷми ҷаримаро аз 180 - 300 сомонӣ то ба 420 сомонӣ расониданд. Ин тарҳ дар ҷаласаи охири парлумон аз сӯи вакилон якдилона қабул гардид.
Муовини прокурори генералии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода зимни муарифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкур гуфт, сабаби асосии таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи мазкур дар самти иҷро накардани уҳдадориҳо дар бахши таълиму тарбияи ноболиғон мавҷуд будани норозиҳо мебошад.
- Мақсади лоиҳаи мазкур манъ кардани истифодаи хушунат ё таҳдиди истифодаи хушунат нисбат ба кӯдакон, тақвият намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани масъулиятҳо оид ба парастории таълим ва тарбия мебошад ,- гуфт Рофизода.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди ба ҷавобгарӣ кашидани ҳазорҳо нафар барои хушунат нисбати кӯдакон, ин мушкил ҳалли худро пайдо намекунад, балки дар ҳоли афзоиш аст. Муовини додситони кулл гуфт, давоми солҳои 2019-2020 наздики 27 ҳазор нафар барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар таълиму тарбия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
- Ҷазоҳои тариқи маъмурӣ татбиқгардида, ба монанди ҷаримаи ночиз таъсирбахш ба назар намерасад. Бинобар ин, сахттар намудани ҷавобгарӣ мувофқи мақсад мебошад, - муовини додситонӣ.
Вакили парлумон Мансур Усмонзода гуфт, ин тағйирот дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардида, ҳаҷми ҷаримаи аз 3 то 5 меъёри амалкунанда, ба андозаи аз 3 то 7 нишондиҳанда (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) баланд бардошта шуд, ки мутаносбан аз 180 то 420 сомонӣ мешавад.
Рофизода дар ҳузури вакилон гуфт, ки "бо таҳия намудани лоиҳаи мазкур номи модда 90 такмил дода шуда, “иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба прарасторӣ таълим ва тарбияи ноболиғон ифода карда шуд. Ҳамчунин дар моддаи моддаи мазкур истифодаи калимаҳои “истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон” илова гардид. Чунки дар амали кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронае ки оид ба тарбияи ноболиғон дида мешавад, аз рӯи хавфи ҷинотяҳояшон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳанӯз ҷиноят нестанд, вале ба ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон зарари муайяне ворид сохта метавонанд".
Масъалаи латукӯб ё хушант нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳамеша доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Баъди нашри чунин наворҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд.
Аз ҷумла, моҳи майи соли 2020 роҳ ёфтани навори латукӯби ноболиғе аз ҷониби падараш дар шабакаҳои иҷтмимоӣ сарусадо хезонд ва ин мард боздошт шуд.
Дар навор дида мешуд, ки мард кӯдаки хурдсолро бераҳмона мезанад. Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки ба ҷавобгарӣ кашанд. Баъди ин, мақомоти умури дохилӣ аз боздошти ӯ хабар дода гуфтанд, ки ин мард падари кӯдак буда, қаблан бо моддаи 281 КҶ ЧТ маҳкум шудааст.
Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданӣ қаблан ҳам аз мавридҳои хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон, истифода аз нерӯи кории онҳо, камбуди ғизои атфоли тоҷик, бо далели муҳоҷирати меҳнатӣ дур будани онҳо аз волидон нигаронӣ кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои дастрас ба кор оғоз карданд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи “Russian Judo Tour” бо ду медал баргаштанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Боз як бонки байналмилалӣ барои сохтмони “Роғун” $270 млн ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста