Ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines аз ҳафтаи оянда ба анҷом додани парвозҳо тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад шурӯъ мекунад.
Парвозҳои мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз 6 июни ҳамин сол барқарор карда мешаванд, хабар медиҳад агентии давлатии иттилооти Эрон IRNA.
Гуфта мешавад, парвози нахустин тариқи ин хатсайр аз Тоҷикистон ба Эрон аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh бо ҳавопайои Boeing 737-500, ки дорои 120 нафар ҷойи нишаст барои мусофирон аст, сурат мегирад.
Муовини сардори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода қайд кардааст, ки тамоми ҳуҷҷаатҳои заруриро аз ҷониби мақомоти авиатсияи граждании Эрон гирифтаанд.
“Ба ширкати ҳавопаймоии Varesh Airlines барои иҷрои парвозҳои мусофиркашонӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Машҳад (воқеъ дар минтақаи шимолу шарқи Эрон) иҷоза дода шуд”, - хабар додааст ӯ.
Парвозҳо бо хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад як маротиба дар як ҳафта анҷом дода шуда, арзиши билет ба як самт 250 долларро ташкил медиҳад.
Ширкати хусусии ҳавопаймоии Varesh Airlines соли 2018 таъсис ёфта, нахустин парвозашро 9 октябри соли гузашта аз шаҳри Теҳрон ба Сари - пойтахти музофоти Мозандарони Эрон анҷом додааст.
Қаблан парвоз тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро ширкати ҳавопаймоии эронии Asseman Airlines иҷро мекард, ки аз моҳи октябри соли гузашта парвозҳояшро бо ин самт бинобар сабаби “мушкилоти иқтисодӣ” қатъ кард, менависад IRNA.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.