Дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон баъди баҳси доманадор сари масъалаи кадом калима дуруст омадан дар қонунгузорӣ - «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» ба хулосаи ягона расида натавонистанд. Баҳсҳо зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи зотпарварӣ» сурат гирифтанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни баррасии лоиҳаи қонун савол дод, ки дар санадҳои қонунгузорӣ истифодаи кадоме аз ин калимаҳо - «чорводорӣ» ё «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст.

«Агар истилоҳи «чорводорӣ»-ро, ки муаллифони тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунанд, қабул кунем, саволе ба миён меояд, ки оё метавон моҳӣ, занбӯриасал ва паррандаҳоро чорво номид ё ин ҷо истифодаи калимаи «ҳайвонпарварӣ» беҳтар аст?», - савол дод раиси палатаи поёнии парлумон.

Дар ин замина байни вакилони парлумон баҳси доманадоре сурат гирифта, лекин ягон хулосаи мушаххасе ҳосил нашуд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакил Олим Салимзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба иштибоҳи дигаре ҳам роҳ дода шудааст.

«Муаалифони лоиҳа бо назардошти зоти ҳайвонот ибораи тоҷикии «авлоди чорво»-ро корбурд кардаанд, вале калимаи авлод танҳо нисбати одамон хос аст, на ҳайвонот», - иброз дошт Салимзода.

Вакил Саидҷаъфар Исмонов низ ҳамтояшро дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар ин масъала бо ҷалби забоншиносон ташхис гузаронидан зарур аст.

Раиси палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо бо эзоҳҳо қабул карда шавад. «Қарор доир ба ин масъаларо ман танҳо баъди дарёфти варианти барои ҳама писанд ба имзо мерасонам», - илова кард Ш.Зуҳуров.