Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ то охири сол оғоз мегарданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент қайд кард, ки паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро доир ба амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ ба таъхир андохт.
Зимни суханронӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ зикр шуд, ки ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода истодааст.
“Дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардида ба маблағи беш аз 2 млрд сомонӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст”, - гуфт президент.
Қаблан зикр гардида буд, ки ҳаҷми кумаки бебозгаште, ки аз ҷониби ҳукумати Чин бо ин мақсад ҷудо мешавад, 1 млрд 307 млн юанаи чинӣ (186 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ба корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ дар ВМКБ бо масофаи умумии 92,3 километр яке аз ширкатҳои сохтмонии Чин машғул хоҳад шуд, ки бар асоси озмун интихоб мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон аз кори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-таҳқиқотӣ” изҳори норозигӣ намуда, қайд кард, ки “чор сол инҷониб барои таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ як лоиҳаи муносиб омода карда наметавонанд”.
Таҳияи лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғро президент ҳанӯз моҳи январи соли 2015 супориш дода буд.
Сарвари давлат дастур дод, ки корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ муддати ҳамин сол оғоз карда шавад.
Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа 16,7 километр кӯтоҳ кардани масофаи роҳ ва сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
Амрико дар бораи риояи таҳрим алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд, мактуб фиристодааст
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Вазир гуфт, ҳарчанд хатти сарҳад бо Қирғизистон маълум шуд, вале “масъалаи роҳ ва объектҳои обӣ” то ҳол мавриди баррасӣ аст
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ гузаштанд
Соли 2024 кӣ ба Тоҷикистон бештар аз ҳама кумак кард?
Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста