“Ба мо сигналҳои SOS расид ва пас аз ин мутобиқи уҳддориҳои байнулмилалии кишвар тасмим гирифта шуд, ки ба хизматчиёни ҳарбии афғон ҷиҳати фуруд омадани ҳавопаймояшон ба фурудгоҳи шаҳри Бохтар иҷоза дода шавад. Зиёда аз 100 нафар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон бо ҳавопаймо ба Бохтар омада, айни замон дар он ҷо қарор доранд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоооти ВКХ Тоҷикистон.
Дар Вазорат хабарҳои шабакаи телевизионии Tolo News-ро дар бораи 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба Тоҷикистон парвозкарда рад намуданд. “Ҳамагӣ 2 ҳавопаймо аз Афғонистон ба Тоҷикистон фуруд омада, бозпас баргаштанд ва мусофиронашон ҳамин ҷо монданд”, - илова карданд дар Раёсати иттилоот.
Шабакаи Telegram-и Tolo News қаблан бо нашри навори видеоӣ ва зеримзои зайл дар бораи 18 ҳавопаймо хабар дод: “Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадзоҳир Ағбар бо мусофирони 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба Тоҷикистон парвозкарда вохӯрд”.
Дар бораи шабона қабули якчанд ҳавопаймо дар фурудгоҳи Бохтар ба “Азия-Плюс” сокинони маҳаллӣ хабар дода буданд, ҳарчанд сардори фурудгоҳ Фарҳод Абдурашидзода инро рад кард.
“Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”, - гуфт Фарҳод Абдурашидзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
Амрико дар бораи риояи таҳрим алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд, мактуб фиристодааст
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Вазир гуфт, ҳарчанд хатти сарҳад бо Қирғизистон маълум шуд, вале “масъалаи роҳ ва объектҳои обӣ” то ҳол мавриди баррасӣ аст
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ гузаштанд
Соли 2024 кӣ ба Тоҷикистон бештар аз ҳама кумак кард?
Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста