Баҳриддин Сироҷиддинзода, ки то ин замон ба ҳайси муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон кор мекард, ба вазифаи раиси Агентии содироти Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин маврид як манбаъ ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.
Қаблан дар ин вазифа Шавкат Бобозода фаъолият дошт, ки моҳи сентябри соли 2022 аввал боздошт ва баъдан бо фармони президент аз мақом озод карда шуд.
Он замон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Шавкат Бобозода боздошт шуда, зидди ӯ бар пояи банди 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда кушодаанд. Шавкат Бобозода ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигоҳдорӣ шуда, парвандаашро муфаттишони Додситонии кул таҳқиқ мекунанд”.
То ҳол таҳқиқи парвандаи Шавкат Бобозода ниҳоӣ нашуда, аз ҷониби Додситони кулли кишвар идома дорад.
Дар хусуси тағйироти кадрӣ тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 феврали соли 2025
САҲА интихоботи Тоҷикистон назорат намекунад. Ин ба раванди интихобот чӣ таъсир мерасонад?
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста