Имрӯз, 12-уми июли соли 2023, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сафирро аз вазифа озод кард ва ба як сафири дигар масъулияти иловагӣ вогузор намуд.
Бо фармони раиси ҷумҳур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева таъйин шуд.
Шерализода Шараф як моҳи пеш аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъйин шуда буд.
Ӯ ҳоло 42 сол дорад ва дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Атенео-и Де Манилаи Ҷумҳурии Филиппин таҳсил кардааст. Корномаи ӯро дар ин матлаби “Азия-Плюс” бихонед.
Дар ин баробар, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ Ҳомидов Ҷамшед Тағоевичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания озод кард.
Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич солҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания буд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста