Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба наздикӣ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи иктишофи ҳарбиро имзо мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Дар санад анҷоми корҳои тадорукотӣ ва баргузории тамринҳои муштарак, табодули таҷриба ва маълумот дар бахши иктишофи ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки рушди ҳамкории ҳарбию техникии кишварҳои ҳамсоя пас аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 оғоз ёфт.
Он замон Душанбе ва Тошканд бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷониба се созишномаи байнидавлатиро дар соҳаи мудофиа ба имзо расониданд.
Маҳз ҳамон вақт Созишномаҳои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи транзити бори ҳарбию махсус ва ҳайати низомӣ тариқи қаламрави кишварҳо, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ имзо шуда буданд.
Аз рӯйи натиҷаи сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ҳамчунин созишнома байни Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ба имзо расида буд.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 23-26 апрели соли 2019 дар машқгоҳи “Фахробод” бо иштироки афсарону сарбозони воҳидҳои иктишофии Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон тамрини муштарак доир гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.