Ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон зимни як мулоқот, ки аз 3 то 8-уми октябр дар шаҳри Бонканди кишвари ҳамсоя баргузор гардидааст, 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд.
Дар ин бора сомонаи девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.
Таъкид мешавад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.
Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва ҷонибҳо ба маълум кардани хати боқимондаи сарҳад идома хоҳанд дод.
Бояд гуфт, ки мулоқоти мазкур баъди вохурии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар санаи 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканд баргузор мегардад.
Дар ин мулоқот, ки таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, муовини раиси Девони Вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷараён гирифт, протоколи №44 ба имзо расид ва ҷонибҳо таъкид карданд, ки ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд ва маҳз аз ин сабаб, сари чанд вақт миёни ду кишвар низоҳои мусаллаҳона сар мезанад.
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста